https://sputnik.tj/20210723/sodir-jabborov-koronavirus-vaksin-video-1041116382.html
Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео
Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ваксингирии кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов расонаӣ шуд. Президент бо ваксини сохти Чин эмгузаронӣ шуд
2021-07-23T11:56+0500
2021-07-23T11:56+0500
2021-07-23T12:00+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
содир ҷабборов
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_83223f8a3dcb62e0526ddd39c90defd0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар яке аз Марказҳои савдои шаҳрӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифт.Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.Маврид ба зикр аст, ки раисиҷумҳури Қирғизистон борҳо шаҳрвандонро ба гирифтани ваксин алайҳи коронавирус тарғиб кард, ҳарчанд худ ваксин нагирифта буд.Ӯ далели пештар ваксин нагирифтанро ба доштани антители зиёд рабт дод.Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест. Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.
https://sputnik.tj/20210707/tandurusti-tojikiston-sarkashi-az-emkuni-1040718239.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_88e4fcf923a9d0e6c449b67a8d0805e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содир ҷабборов коронавирус ваксин
содир ҷабборов коронавирус ваксин
Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео
11:56 23.07.2021 (Навсозишуда: 12:00 23.07.2021) Ваксингирии кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов расонаӣ шуд. Президент бо ваксини сохти Чин эм гирифт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар яке аз Марказҳои савдои шаҳрӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифт.
Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисиҷумҳури Қирғизистон борҳо шаҳрвандонро ба гирифтани ваксин алайҳи коронавирус тарғиб кард, ҳарчанд худ ваксин нагирифта буд.
Ӯ далели пештар ваксин нагирифтанро ба доштани антители зиёд рабт дод.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.
Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест.
Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.