Шаҳрдорӣ ронандаҳои автобус меҷӯяд: “бояд сокинони Душанбе бошанд”

© Sputnik / Амир ИсаевВодитель маршрутного такси в Душанбе
Водитель маршрутного такси в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Яке аз талабот нисбати довталабони кор дар автобусҳои мусофирбар сокини пойтахт будан гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Мақомоти иҷроияи Душанбе эълон додаанд, ки корхонаҳои мусофирбарии пойтахт ба ронандагон ниёз доранд.
“Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” ва “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Д” ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусро доранд, ба кор даъват менамояд”, - омадааст дар эълон.
Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.
Таъкид шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” ва “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Манбаъ барои маълумоти бештар рақамҳои 988 70 44 00, 777 17 21 22 барои тамос бо корхонаи “Автобус-1” ва 918 63 14 93, 918 79 05 05 барои тамос бо корхонаи Автобус-3” – ро пешниҳод кардаанд.
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Автобуссавории вазири тоҷик: Ӯ аз танбакунӣ гуфт - на ҳурмати зану на мӯйсафед
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Душанбе изҳори ният карданд, ки дар оянда тамоми микроавтобусҳоро аз кӯчаҳои шаҳр барчинанду хатсайрҳои автобусиро роҳандозӣ намоянд.
Аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бармечинанд, гуфт муовини шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода ва афзуд, ки ин иқдом ба навбат дар тамоми шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0