https://sputnik.tj/20210802/charogoh-ayni-bedarak-jasad-1041358110.html
Марде, ки дар чарогоҳи Айнӣ бедарак гардид, аввал хару хӯрҷин ва сипас ҷасади ӯ ёфт шуд
Марде, ки дар чарогоҳи Айнӣ бедарак гардид, аввал хару хӯрҷин ва сипас ҷасади ӯ ёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин мард ҳамагӣ 29 сол дошт ва феълан иллати марги ӯ норӯшан аст 02.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-02T18:04+0500
2021-08-02T18:04+0500
2021-08-02T18:10+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
айнӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/50/1029185064_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_f6379e31b1e4ac86f5ce85823dd29c2a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ сокини 29 - солаи деҳаи Патрӯд аснои бозгашт аз чарогоҳ бедарак шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, номбурда дар ҳудуди деҳоти Фондарё ғайб зад ва шаби якуми август, сокинони маҳаллӣ дар соҳили Патрӯд хӯрҷину хари ӯро пайдо намуданд, вале аз худаш дараке набуд.Манбаъ меафзояд, субҳи рӯи 2 август, тахминан соати 06:00 дақиқа ҷасади марди бедаракшуда дар мавзеи пули Мушкон дар соҳили Патрӯд пайдо гардид.КҲФ мегӯяд, ҷасади марди 29 - сола ба пайвандони ӯ супорида шуд, вале иллати марги ӯ ҳамоно номаълум аст.Ҳамзамон, манбаъ аз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бар асари он ноболиғи 13 - сола ҷон аз даст дод.Гуфта мешавад, сокини 13 - солаи ноҳияи Сино аснои шиноварӣ дар кӯли Ҷавонон ғарқ шудааст. Кӯдак бо камераи автомашина вориди дарё шуд, вале аз беэҳтиётӣ ғарқӣ кӯл шуд. Ҷасади ин ноболиғ бегоҳи рӯзи гузашта ба пайвандони ӯ супорида шуд.
https://sputnik.tj/20210721/shahrvand-chin-kanal-yovon-gharq-1041038837.html
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/50/1029185064_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_698540f3a681c81d8eb52442fd0b24fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, айнӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, айнӣ
Марде, ки дар чарогоҳи Айнӣ бедарак гардид, аввал хару хӯрҷин ва сипас ҷасади ӯ ёфт шуд
18:04 02.08.2021 (Навсозишуда: 18:10 02.08.2021) Ин мард ҳамагӣ 29 сол дошт ва феълан иллати марги ӯ норӯшан аст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ сокини 29 - солаи деҳаи Патрӯд аснои бозгашт аз чарогоҳ бедарак шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар ҳудуди деҳоти Фондарё ғайб зад ва шаби якуми август, сокинони маҳаллӣ дар соҳили Патрӯд хӯрҷину хари ӯро пайдо намуданд, вале аз худаш дараке набуд.
Манбаъ меафзояд, субҳи рӯи 2 август, тахминан соати 06:00 дақиқа ҷасади марди бедаракшуда дар мавзеи пули Мушкон дар соҳили Патрӯд пайдо гардид.
КҲФ мегӯяд, ҷасади марди 29 - сола ба пайвандони ӯ супорида шуд, вале иллати марги ӯ ҳамоно номаълум аст.
Ҳамзамон, манбаъ аз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бар асари он ноболиғи 13 - сола ҷон аз даст дод.
Гуфта мешавад, сокини 13 - солаи ноҳияи Сино аснои шиноварӣ дар кӯли Ҷавонон ғарқ шудааст.
Кӯдак бо камераи автомашина вориди дарё шуд, вале аз беэҳтиётӣ ғарқӣ кӯл шуд. Ҷасади ин ноболиғ бегоҳи рӯзи гузашта ба пайвандони ӯ супорида шуд.