https://sputnik.tj/20210801/vazi-koronavirus-dar-tojikiston-1041337025.html
Фавт нест, вале теъдоди беморон афзуд: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон
Фавт нест, вале теъдоди беморон афзуд: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, аммо теъдоди гирифторон афзудааст
2021-08-01T09:32+0500
2021-08-01T09:32+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0a/1031708269_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_78cdd11e1f443918ce46a7a7b9f4df18.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 78 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Ин теъдод нисбати ба рӯзе қабл бештар мебошад. Рӯзи 30 июл аз беморшавии 75 кас хабар дода шуд.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 1 август дар кишвар 15082 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1556 нафар (96,4%) шифо ёфтаанд.Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.300 рӯзи бемории коронавирус: ба кӣ таҳдид мекунадВазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва CoronaVac пешниҳод мешавад.
https://sputnik.tj/20210730/holi-zori-mardumi-bartang-dar-pandemiya-1041306385.html
https://sputnik.tj/20210731/dastur-ahmadzoda-koronavirus-million-vaksina-1041335453.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0a/1031708269_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_2f1ccc351f8f51f2ee972375a66803a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, вазъ, тоҷикистон
вируси корона, вазъ, тоҷикистон
Фавт нест, вале теъдоди беморон афзуд: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон
09:32 01.08.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, аммо теъдоди гирифторон афзудааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 78 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Ин теъдод нисбати ба рӯзе қабл бештар мебошад. Рӯзи 30 июл аз беморшавии 75 кас хабар дода шуд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 86 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 1 август дар кишвар 15082 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1556 нафар (96,4%) шифо ёфтаанд.
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва CoronaVac пешниҳод мешавад.