https://sputnik.tj/20210730/holi-zori-mardumi-bartang-dar-pandemiya-1041306385.html
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
Sputnik Тоҷикистон
Аз вазъи бисёр хароб дар водии Бартанги болои ВМКБ як корбари шабакаи иҷтимоии Facebook шиква намудааст 30.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-30T12:33+0500
2021-07-30T12:33+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бартанг
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101547/08/1015470881_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_6dc4fab9c632813de6483d0c8a9dc948.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар гурӯҳи Facebook -ии "Pamir News" корбаре бо номи Носирзода Фазила навор аз вазъи хароби роҳи мошингари водии Бартанги болои ВМКБ - ро интишор намудааст.Роҳе, ки дар навор нишон дода шудааст, онро дарё комилан зер кардааст ва мусофирони як автомашина кӯшиш намудаанд, ки бо азобу машаққати зиёд мошинро аз ин роҳ гузаронанд.Фазила дар зери навор навиштааст, аламовар аст вақте дар замони пандемияи коронавирус, сокинон натавонанд волидони маризи худро барои табобат ба бемористон баранд. Чун дар ин водӣ шарту шароит ва маводи доруворӣ алайзи ин вирус тамоман мавҷуд нест.Вазъи бе ҳамин ҳам мушкили бошандагони водии Бартанги болоро роҳҳои харобу валангор дучанд намудааст.Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Вазири нақлиёт, раисони ВМКБ ва Бартанг иваз шуданд, аммо вазъи роҳи ин водӣ ҳамонгунае, ки буд, боқӣ мондааст.Ин корбар вазъи коронавирус дар водии Бадтангро шарҳ дода навиштааст, ки "мардум дар хонаҳояшон мурда истодаанд"."Вазьият бисер хароб ва дардовар аст...Кучостанд масьулин?! Ба доди мардуми бечора ки мерасад?!", - суол гузоштааст Фазила.Манбаҳои мӯътамад аз ВМКБ низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд, ки ҳоло дар вилоят вазъи коронавирус ниҳоят нигаронкунанда аст.Беморхонаи вилоятӣ ва ҳамзамон бемористонҳое, ки дар ноҳияҳо қарор доранд, аз беморони вируси COVID - 19 пур ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29 июл раиси вилоят Файзов Ёдгор хабар дод, ки ваксини сохти амрикоӣ "Moderna" - ро дастрас карданд ва бо 50 ҳазор вояи воридгардида нахуст табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, ваксинзанӣ мешаванд.Раиси ВМКБ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани аҳолии аз 18 - сола боло бо ваксин ,300 ҳазор воя лозим аст.Ҳоло бошад ба ин вилоят 55 ҳазор воя ваксин ворид шудааст, ки аз ин миён 50 ҳазор ваксини "Moderna" ва 5 ҳазор "AstraZeneka" мебошад.
https://sputnik.tj/20210729/vaksin-amrikoi-vmkb-fayzov-1041272665.html
бартанг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101547/08/1015470881_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_ed393eacf90c8ed5b45508458c292a42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, бартанг, коронавирус
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, бартанг, коронавирус
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
12:33 30.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Аз вазъи бисёр хароб дар водии Бартанги болои ВМКБ як корбари шабакаи иҷтимоии Facebook шиква намудааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар гурӯҳи Facebook -ии "Pamir News" корбаре бо номи Носирзода Фазила навор аз вазъи хароби роҳи мошингари водии Бартанги болои ВМКБ - ро
интишор намудааст.
Роҳе, ки дар навор нишон дода шудааст, онро дарё комилан зер кардааст ва мусофирони як автомашина кӯшиш намудаанд, ки бо азобу машаққати зиёд мошинро аз ин роҳ гузаронанд.
Фазила дар зери навор навиштааст, аламовар аст вақте дар замони пандемияи коронавирус, сокинон натавонанд волидони маризи худро барои табобат ба бемористон баранд. Чун дар ин водӣ шарту шароит ва маводи доруворӣ алайзи ин вирус тамоман мавҷуд нест.
Вазъи бе ҳамин ҳам мушкили бошандагони водии Бартанги болоро роҳҳои харобу валангор дучанд намудааст.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Вазири нақлиёт, раисони ВМКБ ва Бартанг иваз шуданд, аммо вазъи роҳи ин водӣ ҳамонгунае, ки буд, боқӣ мондааст.
"Мардуми бечора ба хотири начот додани чони як нафари бемор даххо чони дигарро дар хатар мегузоранд", - менависад ӯ.
Ин корбар вазъи коронавирус дар водии Бадтангро шарҳ дода навиштааст, ки "мардум дар хонаҳояшон мурда истодаанд".
"Вазьият бисер хароб ва дардовар аст...Кучостанд масьулин?! Ба доди мардуми бечора ки мерасад?!", - суол гузоштааст Фазила.
Манбаҳои мӯътамад аз ВМКБ низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд, ки ҳоло дар вилоят вазъи коронавирус ниҳоят нигаронкунанда аст.
Беморхонаи вилоятӣ ва ҳамзамон бемористонҳое, ки дар ноҳияҳо қарор доранд, аз беморони вируси COVID - 19 пур ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29 июл раиси вилоят Файзов Ёдгор хабар дод, ки ваксини сохти амрикоӣ "Moderna" - ро дастрас карданд ва бо 50 ҳазор вояи воридгардида нахуст табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, ваксинзанӣ мешаванд.
Раиси ВМКБ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани аҳолии аз 18 - сола боло бо ваксин ,300 ҳазор воя лозим аст.
Ҳоло бошад ба ин вилоят 55 ҳазор воя ваксин ворид шудааст, ки аз ин миён 50 ҳазор ваксини "Moderna" ва 5 ҳазор "AstraZeneka" мебошад.