https://sputnik.tj/20210731/narh-gaz-moe-baland-aks-1041333369.html
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз баланд шуд: нархномаи нав - акс
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз баланд шуд: нархномаи нав - акс
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир боз баланд шуда, дар аксар фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд ба 6 – сомонӣ расидааст
2021-07-31T16:38+0500
2021-07-31T16:38+0500
2021-07-31T16:47+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қиммат шудан
газ
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1f/1041333342_89:0:1959:1052_1920x0_80_0_0_5f044ec822d8bf79808bf7ae7dfad2b0.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. То ин замон фурӯши гази моеъ ба ин дараҷа баланд нашуда буд. Сокинон дар бораи зарбаи иқтисодии чунин нархҳои рекордӣ иброз мекунанд. Бино бар мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ аз 20 то 30 дирам боло рафта, ба 6 – сомонӣ дакка задааст. Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам тағйир ёфтааст. Ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 – 10 сомонӣ, АИ 92- 9, 6 сомонӣ ва дизел - 9 сомонӣ шудааст. Чунин болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 2 – сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 2 то 3 сомонӣ ё аз 25 то 35 % баланд шудааст.Дар моҳи январи соли ҷорӣ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯхта мешуд. Дар ҳамин ҳол сокинон дар бораи зарбаи болоравии босуръати нарх ба вазъи иқтисоди хонаводагии худ таъкид меварзанд. Усмонхуҷа як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, дар пайи болоравии нархи газ кори мусофиркашониашро қатъ намудааст. Мавзӯъи болоравии нархи маводи сӯхт ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овардааст. Баъзе корбарони шабакаи Интернет назари худро баён намуда, нигоштаанд, ки ба 6 ва 10 – сомонӣ расидани нархи газу бензин ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт алалхусус ширкатҳои мусофиркашонӣ бетаъсир намемонад, ки дар ниҳоят боз ҳам зарба ба ҷайби сокинон оддӣ мерасад. Баъзе роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё ба истилоҳ чаканафурӯшон мегуянд, онҳое, ки ба воридоти гази моеъ машғуланд дафъаи охир қиммати фурӯши як тона гази моеъро то ба 9300 сомонӣ баробар кардаанд. “Мо ҳисоб кардем, ки хариди ҳар як литри газ бо ҳисоби 5, 50 ё 5, 60 сомонӣ рост меояд. Болои ин 25 дирам андози чакана ва 6 дирам ширкате, ки ҳисоботи фурӯши моро дар назди идораи андоз мебарад, меситонад, ки дар умум як литр гази моеъ ба 5, 91 дирам баробар мешавад, мо 9-10 дирам монда ба 6 - сомонӣ мефурӯшем. Агар ин ҷо маоши коргар ва маблағи барқро ҳисоб кунед, хароҷот нисбат ба фоида бештар ҳисоб мешавад”, - гуфт роҳбари ширкати таъминоти сӯзишворӣ. Аммо дар бораи “рекордӣ” шудани нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳол, масъулони Идораи зиддимонополӣ, ки ниҳоди назораткунандаи нарх дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад расман шарҳ надодаанд.
https://sputnik.tj/20210729/afzoish-narh-benzin-tojikiston-rekord-1041270065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1f/1041333342_322:0:1725:1052_1920x0_80_0_0_d23f4102b9eadb92b63a32ce92a53595.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, гази моеъ, тоҷикистон, нархномаи нав, қиммат
нарх, гази моеъ, тоҷикистон, нархномаи нав, қиммат
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз баланд шуд: нархномаи нав - акс
16:38 31.07.2021 (Навсозишуда: 16:47 31.07.2021) Арзиши гази моеъ умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир боз баланд шуда, дар аксар фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд ба 6 – сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. То ин замон фурӯши гази моеъ ба ин дараҷа баланд нашуда буд. Сокинон дар бораи зарбаи иқтисодии чунин нархҳои рекордӣ иброз мекунанд.
Бино бар мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ аз 20 то 30 дирам боло рафта, ба 6 – сомонӣ дакка задааст. Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам тағйир ёфтааст.
Ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 – 10 сомонӣ, АИ 92- 9, 6 сомонӣ ва дизел - 9 сомонӣ шудааст.
Чунин болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 2 – сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 2 то 3 сомонӣ ё аз 25 то 35 % баланд шудааст.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯхта мешуд.
Дар ҳамин ҳол сокинон дар бораи зарбаи болоравии босуръати нарх ба вазъи иқтисоди хонаводагии худ таъкид меварзанд.
Усмонхуҷа як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, дар пайи болоравии нархи газ кори мусофиркашониашро қатъ намудааст.
“Ба мусофиркашонӣ (такси) машғул шуда, аз ҳамин ҳисоб рӯзии соф дарёфт мекардам. Ҳоло нархи газ 6 – сомонӣ шуд. Нархро бардорам ба мусофирон дуруст намегирад ва ҳеҷ кас ба таксӣ намешинад, мошинро ба гараж монда, ҳоло ба кору бори хона машғулам”, - гуфт ронанда.
Мавзӯъи болоравии нархи маводи сӯхт ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овардааст.
Баъзе корбарони шабакаи Интернет назари худро баён намуда, нигоштаанд, ки ба 6 ва 10 – сомонӣ расидани нархи газу бензин ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт алалхусус ширкатҳои мусофиркашонӣ бетаъсир намемонад, ки дар ниҳоят боз ҳам зарба ба ҷайби сокинон оддӣ мерасад.
Баъзе роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё ба истилоҳ чаканафурӯшон мегуянд, онҳое, ки ба воридоти гази моеъ машғуланд дафъаи охир қиммати фурӯши як тона гази моеъро то ба 9300 сомонӣ баробар кардаанд.
“Мо ҳисоб кардем, ки хариди ҳар як литри газ бо ҳисоби 5, 50 ё 5, 60 сомонӣ рост меояд. Болои ин 25 дирам андози чакана ва 6 дирам ширкате, ки ҳисоботи фурӯши моро дар назди идораи андоз мебарад, меситонад, ки дар умум як литр гази моеъ ба 5, 91 дирам баробар мешавад, мо 9-10 дирам монда ба 6 - сомонӣ мефурӯшем. Агар ин ҷо маоши коргар ва маблағи барқро ҳисоб кунед, хароҷот нисбат ба фоида бештар ҳисоб мешавад”, - гуфт роҳбари ширкати таъминоти сӯзишворӣ.
Аммо дар бораи “рекордӣ” шудани нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳол, масъулони Идораи зиддимонополӣ, ки ниҳоди назораткунандаи нарх дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад расман шарҳ надодаанд.