https://sputnik.tj/20210731/giriftor-covid-darguzashti-sobiq-vakili-parlumon-1041335212.html
“Вақти аёдати писараш гирифтори СOVID – 19 шудаст”: даргузашти собиқ вакили парлумон
“Вақти аёдати писараш гирифтори СOVID – 19 шудаст”: даргузашти собиқ вакили парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва яке аз соҳибкорони шинохта дар шаҳри Панҷакент бар асари бемории коронавирус даргузаштааст
2021-07-31T20:09+0500
2021-07-31T20:09+0500
2021-07-31T20:28+0500
дар тоҷикистон
вакил
маҷлиси намояндагон
панҷакент
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_cec0224da7871bbb74d27af4d1afc37c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки солҳои охир соҳибкорӣ мекард, ҳангоми аёдати писараш дар шаҳри Хуҷанд гирифтори коронавирус шуда, бегоҳи 30 июл даргузашт, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Ӯ 66 сол дошт.Манобеъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Аҳмадов бист рӯзи пеш, барои аёдати писараш ба Хуҷанд рафта дар он ҷо гирифтори коронавирус шудааст.Аҳмадов Шодибек Умарович, 1 январи соли 1955 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Корашро аз агрономи колхоз оғоз карда, дар замони шӯравӣ то котиби якуми ҳизби коммунистӣ дар Панҷакент расидааст.Аҳмадов аввали солҳои 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд. Аз ҷумла ӯ молики маркази хизматрасонии “Умариён” дар шаҳри Панҷакент буда, фаъолияти онро идора мекардааст.Ҷанозаи Шодибек Аҳмадов, қабл аз зуҳри 31 июл дар қабристони маъруф ба “Таги камар” - и шаҳри Панҷакент бо иштироки пайвандон ва дӯстону ҳамкорони собиқаш ба хок супурда шуд.
https://sputnik.tj/20210731/darguzashti-barmahal-anduhi-rahmon-guterish-1041334995.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_193:0:2860:2000_1920x0_80_0_0_9d6c39070e6440c8093a91ba1b2266bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадов, вакили парлумон, панҷакент
аҳмадов, вакили парлумон, панҷакент
“Вақти аёдати писараш гирифтори СOVID – 19 шудаст”: даргузашти собиқ вакили парлумон
20:09 31.07.2021 (Навсозишуда: 20:28 31.07.2021) Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва яке аз соҳибкорони шинохта дар шаҳри Панҷакент бар асари бемории коронавирус даргузаштааст
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки солҳои охир соҳибкорӣ мекард, ҳангоми аёдати писараш дар шаҳри Хуҷанд гирифтори коронавирус шуда, бегоҳи 30 июл даргузашт, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Ӯ 66 сол дошт.
Манобеъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Аҳмадов бист рӯзи пеш, барои аёдати писараш ба Хуҷанд рафта дар он ҷо гирифтори коронавирус шудааст.
“То ҷое хабар дорем, барои аёдати писарашон Умарбек, ки дар Хуҷанд бемор шудааст, сафар кардаанд. Дар ҳамон ҷо гирифтори коронавирус гардида, таҳти муроқибати табибон қарор дошт, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намудаанд”, - изҳор дошт мусоҳиб.
Аҳмадов Шодибек Умарович, 1 январи соли 1955 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Корашро аз агрономи колхоз оғоз карда, дар замони шӯравӣ то котиби якуми ҳизби коммунистӣ дар Панҷакент расидааст.
Аҳмадов аввали солҳои 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд. Аз ҷумла ӯ молики маркази хизматрасонии “Умариён” дар шаҳри Панҷакент буда, фаъолияти онро идора мекардааст.
Ҷанозаи Шодибек Аҳмадов, қабл аз зуҳри 31 июл дар қабристони маъруф ба “Таги камар” - и шаҳри Панҷакент бо иштироки пайвандон ва дӯстону ҳамкорони собиқаш ба хок супурда шуд.