"Даргузашти бармаҳал": андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз фавти модари 98 - солаи Гутерриш

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар робита ба даргузашти модараш изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барқияи таслият фиристода, таъкид намудааст, ки аз даргузашти бармаҳали модари Гутерриш андуҳгин мебошад.
"Хабари даргузашти бармаҳали модари меҳрубони Шумо, Илда Кандида душ Рейс Оливейра Гутерриш боиси андуҳи амиқи мо гардид", - омадааст дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон, ки дафтари матбуотии раисиҷумҳур нашр кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Гутерриш афзудааст, ки "дар иртибот ба ин талафоти гарон ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандонатон таъзия ва ҳамдардии самимии худро изҳор намуда, матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам".
Бар асоси ҳолномаи Гутерриш, ки дар донишномаи озод нашр шудааст, Илда Кандида де Оливейра, модари дабири кулли СММ зодаи соли 1923 мебошад. Падараш Виржилиу Диаш Гутерриш мебошад, ки соли 1913 таваллуд шуда, соли 2009 даргузаштаст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон Гутерришро бо интихоби дуборааш ба мақоми дабири кулли СММ шодбош гуфт
Худи Антониу Гутерриш зодаи соли 1949 буда, аз соли 2017 дабири кулли СММ мебошад. Ахиран Маҷмаи Умумии СММ Антониу Гутерришро дигарбора ба муҳлати аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 дабири кулли ин созмон интихоб кардааст. Дабири кулл ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0