"Moderna" - и амрикоӣ ба ВМКБ расид: Файзов гуфт, киҳо аввал ваксинзанӣ мешаванд

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Ёдгор Файзов тавзеҳ дод, ки бо 50 ҳазор воя ваксини амрикоӣ нахуст киҳо эмгузаронӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ваксине, ки Тоҷикистон шаби 26 июл дар доираи кумаки башардӯстона аз Амрико дастрас кард, ахиран ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам расид.
Пас аз қабули ваксини мазкур, раиси вилоят Файзов Ёдгор ҷаласаи Ситоди фаврӣ баргузор намуд ва тавзеҳ дод, ки бо 50 ҳазор воя "Moderna" киҳо аввал ваксинзанӣ мешаванд.

"Нахуст табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, ваксинзанӣ мешаванд", - афзудааст Файзов.

Ба маълумоти ӯ, барои комилан таъмин намудани афроди аз 18 - сола боло дар ин вилоят 300 ҳазор воя ваксин лозим аст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вазорати тандурустӣ ба вилоят 5 ҳазор воя ваксини "AstraZeneka" интиқол дода буд, ки дар марҳилаи аввал нафарони аз 60 - сола боло ва кормандони соҳаи тиб бо ваксин таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ваксинзанӣ бо "Moderna" - и амрикоӣ дар Тоҷикистон сар аз 28 июл оғоз ёфт.
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд
Ин ваксинро шаби 26 июл ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines" дар ҳаҷми 1,5 миллион воя аз Амрико ба Душанбе интиқол дод.
Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ​​ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.
Дар ин робита сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 13% шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0