https://sputnik.tj/20210730/habsi-du-maqomdor-hadamot-gumruk-1041306649.html
Эълони ном ва ҷазои се мақомдори баландпояи гумрук барои қочоқи 90 кило тилло
Эълони ном ва ҷазои се мақомдори баландпояи гумрук барои қочоқи 90 кило тилло
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумрук ҳабси ду кормандашро ба иттиҳоми қочоқи тилло шаҳр дод
2021-07-30T12:22+0500
2021-07-30T12:22+0500
2021-07-30T13:09+0500
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
дар тоҷикистон
хадамоти гумруки тоҷикистон
боздошт
тилло
қочоқи моҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_726adb04e8536c7ae87308addec25d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, се корманди Хадамоти гумрук дар робита ба қочоқи тилло боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.Каримзода шарҳ дод, ки кормандони зертобеаш тартиби интиқоли молро вайрон карданд ва дар паи баррасӣ гуноҳашон пурра исбот шуд. Ҳамин тавр, тибқи иттилои манъуслини Хадамоти гумрук ду корманди ин ниҳод ҳабс ва якеаш ҷарима баста шуд.Ҳамчунин ду корманди дигар барои ду сол равонаи зиндон шуданд. Онҳо ҳам дар дидбонгоҳи гумруки Панҷи Поён фаъолият мекардаанд.Раҳбари Хадамоти гумрук афзуд, ки дар ин робита ба ҷониби Афғонистон дархост равон кардаст, вале аз он сӯ ягон маълумот нарасидааст."Мо маълумотро дастрас карда натавонистем дархост кардем, вале ман шахсан маълумот дастрас карда натавонистам, дигар намедонам чӣ шуд", - гуфт Каримзода.Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, боздошти гуруҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардидаанд.“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни ҳисобот ба Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ.Юсуф Раҳмон афзуд, ки маблағи умумӣ зиёда аз 10 миллион долларро ташкил медиҳад.Боздошти гурӯҳ 15 ноябри соли 2020 сурат гирифтааст.Қаблан бархе аз манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ин тиллову пулҳо аз Афғонистон ба Душанбе қочоқ шуда буд, мебоист ба Дубай баранд.“Ин пулу тило аз тариқи марзҳо ба Тоҷикистон қочоқ шуда, гуруҳи қочоқбар мехост, онро тариқи Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб интиқол диҳад. Аммо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин гуруҳ боздошт ва пулу тилои онҳо мусодира шудааст”, - гуфта буд як манбаъ.
https://sputnik.tj/20210130/tillo-dollar-qochoq-tojikiston-1032728309.html
https://sputnik.tj/20210228/Sohib-Dushanbe-eloni-nomi-molik-video-1032908086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/45/1029904506_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d78339726319afa21b4d41c9cacdda4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳабс, қочоқ, тилло, тоҷикистон, панҷи поён
ҳабс, қочоқ, тилло, тоҷикистон, панҷи поён
Эълони ном ва ҷазои се мақомдори баландпояи гумрук барои қочоқи 90 кило тилло
12:22 30.07.2021 (Навсозишуда: 13:09 30.07.2021) Хадамоти гумрук ҳабси ду кормандашро ба иттиҳоми қочоқи тилло тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, се корманди Хадамоти гумрук дар робита ба қочоқи тилло боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Каримзода шарҳ дод, ки кормандони зертобеаш тартиби интиқоли молро вайрон карданд ва дар паи баррасӣ гуноҳашон пурра исбот шуд.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои манъуслини Хадамоти гумрук ду корманди ин ниҳод ҳабс ва якеаш ҷарима баста шуд.
"Аз рӯи баррасии парвандаҳо нозири калони барасмиятдарорӣ дар дидбонгоҳи Панҷи Поён - Шарипов Маҳмадризо бо ҷарима шудан аз адои ҷазо озод шуд", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ду корманди дигар барои ду сол равонаи зиндон шуданд. Онҳо ҳам дар дидбонгоҳи гумруки Панҷи Поён фаъолият мекардаанд.
"Инҳо Аслонов Зариф - нозири калони дидбонгоҳи Панҷи Поён ва Сайфуллоев Қурбоналӣ мебошанд", - гуфт Каримзода.
Раҳбари Хадамоти гумрук афзуд, ки дар ин робита ба ҷониби Афғонистон дархост равон кардаст, вале аз он сӯ ягон маълумот нарасидааст.
"Мо маълумотро дастрас карда натавонистем дархост кардем, вале ман шахсан маълумот дастрас карда натавонистам, дигар намедонам чӣ шуд", - гуфт Каримзода.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, боздошти гуруҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардидаанд.
“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни ҳисобот ба Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки маблағи умумӣ зиёда аз 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
Боздошти гурӯҳ 15 ноябри соли 2020 сурат гирифтааст.
Қаблан бархе аз манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ин тиллову пулҳо аз Афғонистон ба Душанбе қочоқ шуда буд, мебоист ба Дубай баранд.
“Ин пулу тило аз тариқи марзҳо ба Тоҷикистон қочоқ шуда, гуруҳи қочоқбар мехост, онро тариқи Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб интиқол диҳад. Аммо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин гуруҳ боздошт ва пулу тилои онҳо мусодира шудааст”, - гуфта буд як манбаъ.