Соҳибаш дар Душанбест: эълони номи молики 90 кило тиллою миллионҳо пул – видео

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Обуна шудан
Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки наздики 90 кило тиллою пули қочоқии боздоштшуда дар фурудгоҳи Душанбе моли Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси Маҷлиси намояндагон – Вулус Ҷиргаи Афғонистон мебошад. Худи ӯ то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Телевизиони 1-и Афғонистон мегӯяд, тиллою пули боздоштшуда дар фурудгоҳи Душанбе моли Муҳаммад Мирзо Катавозай, ноиби аввали раиси парлумони Афғонистон аст, ки феълан дар қатори як ҳайати баландпоя дар Тоҷикистон қарор дорад. Худи Катавозай ин иттилоъро ҳоло шарҳ надодааст. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, пули нақду тилло асосан бо мошинҳои боркаш ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода шуда, аз он ҷо ба кишварҳои арабӣ фиристода мешавад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки феълан як ҳайати баландпоя таҳти роҳбарии раиси парлумони Афғонистон, Мирраҳмон Раҳмонӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, мулоқоти ҳайат бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар назар аст.
Дворец нации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад
Юсуф Раҳмон, ахиран боздошти гуруҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ карда буд.
Гузориш ба Рустами Эмомалӣ аз боздошти Сафарову Назаров бо 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул
“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни ҳисоботи ахираш ба Маҷлиси миллӣ.
Додситони кулли Тоҷикистон аз қочоқбарон Назаров.С. ва Сафаров.Ф. ном бурдааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардидаанд.
Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ карда, афзуд ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се кормандашон низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ дар ин мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0