https://sputnik.tj/20210729/komronshoh-mardum-tojikston-uzr-1041297300.html
"Натавонистам ҳунарамро нишон диҳам": Комроншоҳ аз мардуми Тоҷикстон узр пурсид
"Натавонистам ҳунарамро нишон диҳам": Комроншоҳ аз мардуми Тоҷикстон узр пурсид
Sputnik Тоҷикистон
Ҷудокори тоҷик, Комроншоҳи Устопириён пас аз мағлубият дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз мардуми Тоҷикистон пӯзиш хост
2021-07-29T19:21+0500
2021-07-29T19:21+0500
2021-07-29T19:21+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
комроншоҳ устопириён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032623217_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_93491289cb3b8666eb39cfd4deb6c87b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Комроншоҳи Устопириён ҷудокори тоҷик ва намояндаи саввуми Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 пас аз мағлубият аз шаҳрвандони Тоҷикистон узр пурсид.Паҳлавони тоҷик дар сафҳаи Instagram" - и худ навиштааст, ки натавонист ҳунари худро нишон диҳад."Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз! Имруз дар бозиҳои Олимпӣ мағлуб шудам. Ман аз тамоми Мардуми азизам узр мехохам, ки натонавонистам ҳунари худро нишон диҳам. Поёни шаби сиёҳ сафед аст!", - навиштааст Устопириён.Маълум гардидааст, ки ҷудокори тоҷик қабл аз ин бозиҳо гирифтори коронавирус буд ва муддати 20 рӯз дар бемористон табобат мегирифт.Шояд таъсири ин вабо бошад, ки зӯри бозуи ин паҳлавони номӣ ба ҳарифи фаронсавияш нарасид.Хабари ба коронавирус мубтало шудани Комроншоҳро мудири телевизиони Варзиш, Парвиз Нориён дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст.Ба маълумоти Нориён , варзишгар "қабл аз сафар ба Токио 20 рӯз аз курунои дунёгир табобат гирифт, даҳ рӯз дар беморхона хобид, бо марг меҷангид ва ба касе шикоят накард”.Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Устопириён ба намояндаи Фаронса рӯзи 28 июл доир гардид ва бо бохти намояндаи Тоҷикистон анҷом ёфт.Аз ин пеш ду ҷудокори дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов низ аз ҳарифони худ шикат хӯрданд.Ҳоло дар намуди ҷудо ягона варзишгар - Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки муҳорибаи ӯ рӯзи 30 июл баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20210728/komronshoh-maghlub-shud-1041228910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032623217_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_9dce4905658ae31e15ab741440546f7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
комроншоҳ устопириён узр
"Натавонистам ҳунарамро нишон диҳам": Комроншоҳ аз мардуми Тоҷикстон узр пурсид
Ҷудокори тоҷик, Комроншоҳи Устопириён пас аз мағлубият дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз мардуми Тоҷикистон пӯзиш хост
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Комроншоҳи Устопириён ҷудокори тоҷик ва намояндаи саввуми Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 пас аз мағлубият аз шаҳрвандони Тоҷикистон узр пурсид.
Паҳлавони тоҷик дар сафҳаи
Instagram" - и худ навиштааст, ки натавонист ҳунари худро нишон диҳад.
"Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз! Имруз дар бозиҳои Олимпӣ мағлуб шудам. Ман аз тамоми Мардуми азизам узр мехохам, ки натонавонистам ҳунари худро нишон диҳам. Поёни шаби сиёҳ сафед аст!", - навиштааст Устопириён.
Маълум гардидааст, ки ҷудокори тоҷик қабл аз ин бозиҳо гирифтори коронавирус буд ва муддати 20 рӯз дар бемористон табобат мегирифт.
Шояд таъсири ин вабо бошад, ки зӯри бозуи ин паҳлавони номӣ ба ҳарифи фаронсавияш нарасид.
Хабари ба коронавирус мубтало шудани Комроншоҳро мудири телевизиони Варзиш, Парвиз Нориён дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст.
Ба маълумоти Нориён , варзишгар "қабл аз сафар ба Токио 20 рӯз аз курунои дунёгир табобат гирифт, даҳ рӯз дар беморхона хобид, бо марг меҷангид ва ба касе шикоят накард”.
Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Устопириён ба намояндаи Фаронса рӯзи 28 июл доир гардид ва бо бохти намояндаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Аз ин пеш ду ҷудокори дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов низ аз ҳарифони худ шикат хӯрданд.
Ҳоло дар намуди ҷудо ягона варзишгар - Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки муҳорибаи ӯ рӯзи 30 июл баргузор мешавад.