https://sputnik.tj/20210729/rahmon-avrupo-istirdodi-jinoyat-koftokuv-1041275548.html
Раҳмон дар Аврупо хостори истирдоди "ҷинояткорони дар кофтокув қарордошта" шуд
Раҳмон дар Аврупо хостори истирдоди "ҷинояткорони дар кофтокув қарордошта" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон хостори истирдоди "ҷинояткороне шуд, ки дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Аврупо ба сар мебаранд"
2021-07-29T14:15+0500
2021-07-29T14:15+0500
2021-07-29T14:16+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_0:234:3000:1922_1920x0_80_0_0_3ca2c25424e90f1779515e0de63c920b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафари корӣ дар Олмон қарор дорад.Раҳмон дар ҳошияи сафар бо прокурори генералии Олмон Ҷаноби Доктор Петер Франк, мулоқот намуда, "истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта"-ро баррасӣ кардааст.Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз масоили муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муаташакили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва ғайра гуфтаанд.Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалияи Олмон низ мулоқот кардааст.Сафари прокурори генералии Тоҷикистон аз 27 июл оғоз ёфта, феълан идома дорад.
https://sputnik.tj/20210202/Yusuf-Rahmon-parvanda-Khuja-Komand-1032743475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_231:0:2902:2003_1920x0_80_0_0_0feb8fe67039f90480513ddd442afe41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юсуф раҳмон
Раҳмон дар Аврупо хостори истирдоди "ҷинояткорони дар кофтокув қарордошта" шуд
14:15 29.07.2021 (Навсозишуда: 14:16 29.07.2021) Додситони кулли Тоҷикистон хостори истирдоди "ҷинояткороне шуд, ки дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Аврупо ба сар мебаранд"
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафари корӣ дар Олмон қарор дорад.
Раҳмон дар ҳошияи сафар бо прокурори генералии Олмон Ҷаноби Доктор Петер Франк, мулоқот намуда, "истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта"-ро баррасӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз масоили муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муаташакили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва ғайра гуфтаанд.
"Ҳамчунин, парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд", - менависад манбаъ.
Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалияи Олмон низ мулоқот кардааст.
Сафари прокурори генералии Тоҷикистон аз 27 июл оғоз ёфта, феълан идома дорад.