https://sputnik.tj/20210202/Yusuf-Rahmon-parvanda-Khuja-Komand-1032743475.html
Парвандаи Хӯҷа-Командир ба додгоҳ рафт: дар 20 куштор муттаҳам мешавад
Парвандаи Хӯҷа-Командир ба додгоҳ рафт: дар 20 куштор муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримов маъруф ба Хӯҷа-Командирро ниҳоӣ кардаву ба додгоҳ ирсол кардааст 02.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-02T11:24+0500
2021-02-02T11:24+0500
2021-08-10T14:43+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
додситон
прокурор
парванда
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103073/04/1030730453_0:0:1389:782_1920x0_80_0_0_fc648e26ea2d3e03165ecd3f29086d91.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.Номбурда гуфт, Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".Парвандаи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд.Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат мекард. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.ВКД ҷинояти мудҳиши соли 1993 дар Хуросонро ошкор кард: дар соҳили дарё паррондандХӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20200811/VKD-inoyati-mudishi-soli-1993-dar-Khurosonro-oshkor-kard-dar-soili-dar--parrondand-1031714199.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103073/04/1030730453_0:0:1389:1042_1920x0_80_0_0_0ad8dd89507805e81fd3d7037b08ee11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, додситон, прокурор, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, додситон, прокурор, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Парвандаи Хӯҷа-Командир ба додгоҳ рафт: дар 20 куштор муттаҳам мешавад
11:24 02.02.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021)
Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримов маъруф ба Хӯҷа-Командирро ниҳоӣ кардаву ба додгоҳ ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".
Парвандаи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.
Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд.
Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.
Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат мекард. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.
Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.