https://sputnik.tj/20210729/qirghiziston-tojikiston-jang-afgoniston-1041271549.html
Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба "ҷанг" омода мешаванд - Шойгу
Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба "ҷанг" омода мешаванд - Шойгу
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи оянда низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 километр дуртар аз Афғонистон тамринот мегузаронанд. Чунин машқҳо тирамоҳ дар Қирғизистон низ баргузор мешаванд
2021-07-29T13:45+0500
2021-07-29T13:45+0500
2021-07-29T13:52+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
сҳш
қирғизистон
осиёи марказӣ
саад
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039082229_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_85152b7aff7c3adefa1e2346a5beae19.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар робита ба фаъолшавии амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва кӯшиши интиқоли он ба кишварҳои осиёи марказӣ, чораҳои муқовимат андешида мешаванд. Тавре Euronews хабар медиҳад, дар ин бора вазир дар нишасти сарони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ изҳор кардааст. Шойгу қайд кардааст, ки омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш дода мешавад ва ба шарикон дар Осиёи Марказӣ кумак расонида мешавад. Ба гуфти ӯ, Русия ҳаракати фаъоли ҷангҷӯёни Давлати Исломиро* ба қаламрави Афғонистон сабт кардааст. Вай таъкид кард, ки пойгоҳи 201-и Русия дар сурати таҳдид аз Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа хоҳад кард."Ҳафтаи оянда, барои омодагӣ ба вокуниш ба шиддатёбии вазъ дар Афғонистон, мо ҳамроҳ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қаламравҳояшон машқҳо мегузаронем", - гуфт Шойгу. Тамринот 20 километр дуртар аз Афғонистон анҷом дода мешаванд. Ғайр аз он, вазир гуфт, ки моҳи сентябр дар полигони Донгузский дар вилояти Оренбург, машқҳои муштараки низомии фармондеҳӣ-штабии кишварҳои СҲШ таҳти унвони "Миссияи сулҳ -2021" баргузор мешаванд. Шойгу таъкид дошт, ки имрӯз дар атрофи кишварҳои СҲШ рӯйдодҳои пешгӯинашванда ба назар мерасанд. * - Ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210728/shoyg-hotiraho-jangi-shahrvandi-tojikiston-1041248671.html
афғонистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039082229_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_779c44bf21711db997e40185b97c5d31.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамринот, тоҷикистон, қирғизистон, низомиён
тамринот, тоҷикистон, қирғизистон, низомиён
Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба "ҷанг" омода мешаванд - Шойгу
13:45 29.07.2021 (Навсозишуда: 13:52 29.07.2021) Ҳафтаи оянда низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 километр дуртар аз Афғонистон тамринот мегузаронанд. Чунин машқҳо тирамоҳ дар Қирғизистон низ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар робита ба фаъолшавии амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва кӯшиши интиқоли он ба кишварҳои осиёи марказӣ, чораҳои муқовимат андешида мешаванд.
Тавре
Euronews хабар медиҳад, дар ин бора вазир дар нишасти сарони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ изҳор кардааст.
Шойгу қайд кардааст, ки омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш дода мешавад ва ба шарикон дар Осиёи Марказӣ кумак расонида мешавад.
Ба гуфти ӯ, Русия ҳаракати фаъоли ҷангҷӯёни Давлати Исломиро* ба қаламрави Афғонистон сабт кардааст.
"Мо мебинем, чӣ гуна воҳидҳои ДОИШ* аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз Сурия ва Либия ба он ҷо фаъолона ҳаракат мекунанд. Дар сурати таҳдид ба иттифоқчиёни мо, аъзои СААД, албатта, Русия вокуниш нишон медиҳад", - гуфт вазири дифоъ.
Вай таъкид кард, ки пойгоҳи 201-и Русия дар сурати таҳдид а
з Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа хоҳад кард."Ҳафтаи оянда, барои омодагӣ ба вокуниш ба шиддатёбии вазъ дар Афғонистон, мо ҳамроҳ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қаламравҳояшон машқҳо мегузаронем", - гуфт Шойгу.
Тамринот 20 километр дуртар аз Афғонистон анҷом дода мешаванд. Ғайр аз он, вазир гуфт, ки моҳи сентябр дар полигони Донгузский дар вилояти Оренбург, машқҳои муштараки низомии фармондеҳӣ-штабии кишварҳои СҲШ таҳти унвони "Миссияи сулҳ -2021" баргузор мешаванд.
"Машқҳои шабеҳ, вале бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) тирамоҳ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд", - гуфт Шойгу.
Шойгу таъкид дошт, ки имрӯз дар атрофи кишварҳои СҲШ рӯйдодҳои пешгӯинашванда ба назар мерасанд.
* - Ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.