Президент ба сад ятим дар Спитамен пул дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе
Эмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдаконе, ки аз тарбияи волидон дур мондаанд, сӯҳбат низ кард
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти сафари корӣ ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба сад ятим пулу тӯҳфа додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, кишвардор ҳангоми ифтитоҳи қасри "Сомониён", ки онро бародарон Мақсудовҳо бунёд кардаанд, бо 100 ятим мулоқот кардааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2019
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба 250 нафар ятим туҳфаҳои идона овард
"Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд", - менависад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ меафзояд, "дар ин рӯз 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаипрезидент бархӯрдор гардиданд. Ба ятимон тӯҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд".
Лентаи хабарҳо
0