ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуд.
“Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд”, - таъкид намуд манбаъ.
Тӯҳфаҳои идонаи роҳбари кишвар аз маҷмӯи сару либоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму кастюм, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12 метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин ба ятимон зиёфати идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Тибқи иттилоъ имрӯз дар вилояти Хатлон 648 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст ва туҳфаҳои идонаи Роҳбари давлат ба ҳамин тартиб ба боқимонда 400 нафар низ дастрас карда мешавад.
Зимни дидор Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.