https://sputnik.tj/20210729/nolai-jonkoh-sarvinoz-usufi-dar-sugi-dodarash-1041255421.html
Нолаи ҷонкоҳи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯги додараш: "ту медонистӣ, ки маргат наздик аст"
Нолаи ҷонкоҳи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯги додараш: "ту медонистӣ, ки маргат наздик аст"
Sputnik Тоҷикистон
Сарвиноз Юсуфӣ мегӯяд додараш хабар доштааст, ки марг наздик аст
2021-07-29T11:50+0500
2021-07-29T11:50+0500
2021-07-29T16:33+0500
иҷтимоъ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ, ки чанд рӯз пеш додараш - Саидҷаъфари 38-соларо аз даст дод, гуфтааст, ки бародараш аз маргаш хабардор будааст.Сарвиноз мегӯяд, додараш васият карда будааст, ки ӯро дар назди модар ба хок бисупоранд. Овозхон дар сторисаш дар Instagram як сӯгвории ҷонкоҳе нашр кардааст. Сарвиноз мегӯяд, ҳанӯз ғами марги модараш нагузашта буду боз андӯҳи гаронтар ӯро ғӯтавар кард.Ба сӯги додараш Сарвиноз як суруди ғамангезеро низ дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, додараш орзӯҳои зиёд дошт, вале ҳамаро бо худ зери хок бурд. Сабаби даргузашти додари Сарвиноз, ки аз худаш як сол хурдтар буд, номаълум аст.Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.Ятими ашрофзода: Саидалӣ Маъмур рӯзҳои охир фақат аз писари ягонааш мепурсидаастСарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам, бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл карда буд овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад.“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - аксБа нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.
https://sputnik.tj/20210725/dodar-sarvinoz-usufi-darguzasht-1041159848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марги додар, даргузашт, нолаи ҷонкоҳ
марги додар, даргузашт, нолаи ҷонкоҳ
Нолаи ҷонкоҳи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯги додараш: "ту медонистӣ, ки маргат наздик аст"
11:50 29.07.2021 (Навсозишуда: 16:33 29.07.2021) Сарвиноз Юсуфӣ мегӯяд додараш васият кардааст, ки ӯро назди модараш бихобонанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ, ки чанд рӯз пеш додараш - Саидҷаъфари 38-соларо аз даст дод, гуфтааст, ки бародараш аз маргаш хабардор будааст.
Сарвиноз мегӯяд, додараш васият карда будааст, ки ӯро дар назди модар ба хок бисупоранд. Овозхон дар сторисаш дар
Instagram як сӯгвории ҷонкоҳе нашр кардааст.
"Додари ширинам 4 рӯз мешавад, ки зери хоки хунук хоб ҳастӣ. Ҳеҷ боварам нест, ки ту бо хок ҳамоғӯш шудаӣ, ҷони апа", - навиштааст сароянда.
Сарвиноз мегӯяд, ҳанӯз ғами марги модараш нагузашта буду боз андӯҳи гаронтар ӯро ғӯтавар кард.
"Чӣ қадр аз фироқи бемодарӣ сухта будӣ, ман ҳатто пай набурдам, ки туро ғам хӯрдааст. Ту медонистаӣ, ки марг наздик аст, аммо хомӯш будӣ. Ман гадои модар будам вале имрӯз гадои додарам, ай додари ғӯрамаргам. Чӣ гуна ғамҳои шуморо паси сар кунам, Очаҷон, Додарҷон? ", - нола мекунад Сарвиноз.
Ба сӯги додараш Сарвиноз як суруди ғамангезеро низ дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, додараш орзӯҳои зиёд дошт, вале ҳамаро бо худ зери хок бурд. Сабаби даргузашти додари Сарвиноз, ки аз худаш як сол хурдтар буд, номаълум аст.
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.
Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.
Сарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам, бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.
“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл карда буд овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.
Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад.
Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.