https://sputnik.tj/20210725/dodar-sarvinoz-usufi-darguzasht-1041159848.html
Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт
Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби даргузашти додари сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ маълум нест
2021-07-25T09:36+0500
2021-07-25T09:36+0500
2021-07-25T09:36+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҷавон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар хонаводаи овозхони тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ мотам аст, додари 38 - солаи сароянда Саидҷаъфар аз олам чашм пӯшид.Дар ин бора Сарвиноз дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст, вале сабаби вафоти додарашро шарҳ надодааст.Сарвиноз аз хислатҳои ҳамидаи додараш ёд карда, барояш аз даргоҳи Парвардигор раҳмату мағфират талаб кардааст.Фарҳангиёни тоҷик бо Сарвиноз Юсуфӣ ҳамдардӣ карда ба ӯ ва хонаводаву ёру дӯстонаш сабти ҷамил хостаанд.Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.Сарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад. Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.
https://sputnik.tj/20200307/Modaram-saraton-dorad-giryai-Orzu-Iso-az-suhbati-purdardi-Sarvinoz-Yusufi-video-1030836979.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, додари сарвиноз юсуфӣ, ҷавонмарг
даргузашт, додари сарвиноз юсуфӣ, ҷавонмарг
Мотам дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ: додари сароянда даргузашт
Сабаби даргузашти бародари сарояндаи шинохтаи тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ маълум нест
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар хонаводаи овозхони тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ мотам аст, додари 38 - солаи сароянда Саидҷаъфар аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора Сарвиноз дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст, вале сабаби вафоти додарашро шарҳ надодааст.
"Марги ту ай додари ғурамаргам ҷисму ҷонамро сӯхт. 38 ин ширинии умри ту буд азизи дили апа. Ҳоло сӯзиши Модар аз дилам нарафта буд ту бошӣ ба рафтанат дар захмҳои тозаям намак пошидӣ ширинсухани апа. Шунидам ки падару модар мири мерос аст , аммо фарзанди падар тири алмос будааст", - навиштааст сароянда.
Сарвиноз аз хислатҳои ҳамидаи додараш ёд карда, барояш аз даргоҳи Парвардигор раҳмату мағфират талаб кардааст.
Фарҳангиёни тоҷик бо Сарвиноз Юсуфӣ ҳамдардӣ карда ба ӯ ва хонаводаву ёру дӯстонаш сабти ҷамил хостаанд.
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин фоҷиа дар давоми ним сол дар хонаводаи Сарвиноз Юсуфӣ мебошад.
Моҳи феврали соли равон ӯ модари худро аз даст дода буд, ки бемории саратон дошт.
Сарвиноз аз маризии модараш дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфта буду, ровии барнома Орзу Исоевр ҳам бо нақли ҷонкоҳаш гирён карда буд.
“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл карда буд овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.
Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар гуфта буд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад.
Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.