Кӯчи аср: оё русҳоро аз Осиёи Марказӣ ба Русия меоранд?

© Sputnik / Рамиль СитдиковТрудовые мигранты
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Фикри кӯч додани русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб менамояд, вале амалан роҳандозӣ кардани он як ваъдаи хушки сиёсиро мемонад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik, Алексей Юсупов. Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки ҳамватанони муқими кишварҳои Осиёи Марказӣ фавран ба Русия кӯчонида шаванд.
Сиёсатмадор зарурати ин амалро бо тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон ва афзудани хавфи рахна шудани гурӯҳҳои экстремистӣ дар қаламрави ин давлатҳо рабт дод.
"Барои ин, Вазорати корҳои хориҷии Русия метавонад ба ҳамаи сафоратхонаҳои мо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дастур диҳад, ки дар тӯли 2 ҳафта ба ҳамаи русҳое, ки мехоҳанд кӯч кунанд, шиносномаҳои русӣ диҳанд", - гуфт Жириновский.
Ба гуфти коршиносон, ин иқдоми сиёсатмадори иғвогари рус асосан хислати популистӣ дошта ва ба воқеият ҷавобгӯ нест.
Руководитель ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Жириновский хостори бозпас овардани 20 миллион русҳо аз Украина ва Осиёи Марказӣ шуд
"Владимир Волфович бо ташаббусҳои аҷиби худ маъруф аст. Ғайр аз ин, ӯ аз "иваз кардани пойафзол дар роҳ", шарм ҳам намедорад. Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд. Ва ин пешниҳод ҳам мувофиқи мақсад набуда, балки хоҳиши қайд карданаш дар заминаи фаъолшавии ҳаракати Толибон* дар Афғонистон, мебошад", - бовар дорад сиёсатшинос Равшан Абдураҳим.
Ба гуфти таҳлилгар, дар ҳоли ҳозир зарурати кӯчонидани изтирории аҳолии русзабон аз минтақаи ОМ вуҷуд надорад. Толибон* воқеан тақрибан тамоми марз бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таҳти назорат гирифтанд, аммо то ҳол ягон кӯшиши убури сарҳад аз ҷониби онҳо сабт нашудааст.
"Вазифаи аввалиндараҷаи ҳаракати Толибон* ба даст овардани қудрат дар саросари кишвар ва пеш аз ҳама дар Кобул мебошад. Тибқи сенарияи хушбинона, барои ин кор ҳадди аққал шаш моҳ лозим аст. Ихроҷи фаврии низомиёни НАТО, албатта, дасти бастаи Толибонро* кушод, аммо нерӯҳои ҳукуматӣ ба мубориза омода мешаванд", - гуфт коршинос.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Сиёсатшинос бовар дорад, ки на аз Толибон* бояд ҳаросид, балки аз фаъолшавии ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, аз қабили ДОИШ*, Ҳизб-ут-Таҳрир*, ҲИӮ (Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон) * ва ҳамсоли инҳо.
Маҳз онҳо бо истифода аз нооромиҳо дар марз, метавонанд кӯшиш кунанд, ки ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд ва вазъро муташанниҷ гардонанд.
"Ғайр аз ин, гирифтани шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Русия, ҳатто дар тӯли 2 ҳафта, тавре ки пешвои Ҳизби либерал-демократӣ пешниҳод кардааст, ба онҳо, кафолати кору истиқомат дар ватани таърихии худро намедиҳад, чун ин хароҷоти назарраси молиявиеро талаб мекунад, ки Русия замони пандемия наметавонад чунин кунад ва ин бефоида аст, зеро аз соли 2012 инҷониб Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон каму беш бомуваффақият амал мекунад", - мегӯяд Равшан Абдураҳим.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, ки масъули равандҳои муҳоҷират аст, аз соли 2016 то 2020, 196 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии худро иваз кардаанд. Дар баробари ин, тамоюли солонаи афзоиши шумораи онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳатто дар як соли пандемия, шумораи тоҷикони русигяӣ ба 63,4 ҳазор нафар расид.
Ғайр аз ин, ҳукумати Русия роҳи пешниҳоди қонунгузории афзалиятҳои назаррасро ба онҳое, ки мехоҳанд шаҳрвандӣ ба даст оранд, ба вижа мутахассисони баландихтисос оғоз намуд.
Барои онҳо муҳлати гирифтани шиносномаи Русия аз се сол ба як сол коҳиш дода шудааст. Барномаи давлатии дар боло зикршуда аз 31 декабри соли 2012 ба таври доимӣ амал мекунад.
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар "Кузминки" занозанӣ карданд, депорт мешаванд
Дар таҳрири нави қонун пешбинӣ шудааст, ки кӯчонидани ҳамватанон ба Русия акнун ба муддати номуайян сурат мегирад, аммо на дар ҳама минтақаҳои Русия. Афзалият ба Шарқи Дур, Приморе, Сибир ва дигар минтақаҳои камаҳолӣ дода мешавад.
Барнома як қатор мукофотпулиҳоро барои шахсони муҳоҷир пешбинӣ менамояд: пардохти кумакпулӣ, таъмин кардан бо манзили муваққатӣ, кумак барои дарёфти ҷои кор. Торномаҳои маҳаллӣ мунтазам рӯйхати мутахассисони дар минтақа заруриро нашр мекунанд.
Ду сол пеш барномаи давлатӣ ба таври назаррас танзим карда шуд, ки ба шарофати он кӯчонидани ҳамватанон ба Русия хеле содда карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, бинобар маҳдудиятҳои пандемия, ин барнома барои сокинони Тоҷикистон пурра иҷро намешавад, аммо сабти онлайнии хоҳишмандони кӯчидан дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар ҳоли афзоиш аст.
* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0