https://sputnik.tj/20210729/ifsho-shabaka-habho-narkotiki-1041293478.html
Ифшои шабакаи воридкунандаҳои ҳабҳои наркотикӣ: Муҳаммаду Вайсиддин дар пайгард - навор
Ифшои шабакаи воридкунандаҳои ҳабҳои наркотикӣ: Муҳаммаду Вайсиддин дар пайгард - навор
Sputnik Тоҷикистон
Ду сокини 28 ва 26 - солаи шаҳри Кӯлоб аз воридкунандаҳои асосии ҳабҳои наркотикӣ ба Тоҷикистон гуфта мешаванд, ки феълан ҳар дуи онҳо дар пайгарди қонунӣ қарор доранд
2021-07-29T17:24+0500
2021-07-29T17:24+0500
2021-07-29T17:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101424/51/1014245122_0:282:2641:1767_1920x0_80_0_0_9a9822cd36c60a3d23c2d32d06dce50f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар маҳаллаи Гипрозем чанде пеш кормандони милиса 20 ҷавонро боздошт намуданд, ки сархуши ҳабҳои наркотикӣ буданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе.Ин ниҳод бо нашри навори боздошти чанд ҷавон бо ҳабҳо аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки вақтҳои охир дар тарабхонаҳо, марказҳои дилхушӣ теъдоди зиёди ҷавонон аз ҳабҳои сахттаъсири экстазию психотропӣ истифода мебаранд. Маҳз барои ҷилавгирӣ намудан аз ин ҳолат, пулиси пойтахт ба "шикор" - и паҳнкунандаҳои маводҳои заҳрогин баромаданд.Манбаъ меафзояд, интиқолдиҳандаҳои ин навъ ҳабҳо ду сокини шаҳри Кӯлоб, яке Ғуломов Вайсиддин ва дигаре Шамсов Муҳаммад мебошанд, ки худ дар хориҷи кишвар қарор дошта, ҳабҳои наркотикиро тавассути мусофирони хатсайрҳо дохили ҳаргуна ашё ҷо дода, ирсол мекунанд.Кормандони милиса бо ҳабҳои ирсолнамудаи ин ду ҷавон, чандин сокинони пойтахтро дастгир намуданд, ки дар садади фурӯш ва паҳн намудани онҳо дар марказҳои дилхушиву дигар маконҳои тафреҳӣ барои ҷавонон машғул буданд.Аз ҷумла, аз ду сокини 26 ва 29 - солаи пойтахт, 760 адад ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира карда шуд. Инчунин аз сокини дигари 30 - солаи шаҳри Душанбе 1230 адад чунин маводи заҳрогин ошкор карда шуд.Дар ҳамин ҳол, кормандони ниҳоди мазкур аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудаанд, ки овардану интиқол додани ҳаруна маводҳои шубҳанок ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати ду сокини шаҳри Кӯлоб бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, онҳо расман дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20210109/Agenti-guft-dar-yak-sol-chi-qadar-mavodi-mukhaddir-musodira-shudaast-1032596277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101424/51/1014245122_0:34:2641:2014_1920x0_80_0_0_f4c73a0c516357f1e597f000596da007.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рвуд душанбе ҳабҳо наркотикӣ
рвуд душанбе ҳабҳо наркотикӣ
Ифшои шабакаи воридкунандаҳои ҳабҳои наркотикӣ: Муҳаммаду Вайсиддин дар пайгард - навор
17:24 29.07.2021 (Навсозишуда: 17:30 29.07.2021) Ду сокини 28 ва 26 - солаи шаҳри Кӯлоб аз воридкунандаҳои асосии ҳабҳои наркотикӣ ба Тоҷикистон гуфта мешаванд, ки феълан ҳар дуи онҳо дар пайгарди қонунӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар маҳаллаи Гипрозем чанде пеш кормандони милиса 20 ҷавонро боздошт намуданд, ки сархуши ҳабҳои наркотикӣ буданд,
хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод бо
нашри навори боздошти чанд ҷавон бо ҳабҳо аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки вақтҳои охир дар тарабхонаҳо, марказҳои дилхушӣ теъдоди зиёди ҷавонон аз ҳабҳои сахттаъсири экстазию психотропӣ истифода мебаранд. Маҳз барои ҷилавгирӣ намудан аз ин ҳолат, пулиси пойтахт ба "шикор" - и паҳнкунандаҳои маводҳои заҳрогин баромаданд.
Манбаъ меафзояд, интиқолдиҳандаҳои ин навъ ҳабҳо ду сокини шаҳри Кӯлоб, яке Ғуломов Вайсиддин ва дигаре Шамсов Муҳаммад мебошанд, ки худ дар хориҷи кишвар қарор дошта, ҳабҳои наркотикиро тавассути мусофирони хатсайрҳо дохили ҳаргуна ашё ҷо дода, ирсол мекунанд.
Кормандони милиса бо ҳабҳои ирсолнамудаи ин ду ҷавон, чандин сокинони пойтахтро дастгир намуданд, ки дар садади фурӯш ва паҳн намудани онҳо дар марказҳои дилхушиву дигар маконҳои тафреҳӣ барои ҷавонон машғул буданд.
Аз ҷумла, аз ду сокини 26 ва 29 - солаи пойтахт, 760 адад ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира карда шуд. Инчунин аз сокини дигари 30 - солаи шаҳри Душанбе 1230 адад чунин маводи заҳрогин ошкор карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, кормандони ниҳоди мазкур аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудаанд, ки овардану интиқол додани ҳаруна маводҳои шубҳанок ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати ду сокини шаҳри Кӯлоб бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, онҳо расман дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.