Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевУничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото
Уничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило маводи мухаддир мусодира карданд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон гуфтааст, ки ниҳодҳои қудратии кишвар дар соли 2020 беш аз 2,4 ҳазор кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.

Наркотики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Директори Агентӣ гуфт, дар Тоҷикистон чанд нафар нашъаманд аст

Соли гузашта кормандони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 144 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва 183 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.

Аз ин шумор 19 кило героин, 95 кило афюн, 40 кило ҳашиш, 15 кило каннабис, 15 кило моддаҳои психотропӣ ва беш аз 2 ҳазор дона ҳабҳои синтетикӣ будааст.

Ғайр аз он, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муяссар гардид, ки беш аз 1,1 ҳазор кило ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз 1,9 ҳазор кило маводи мухаддири гуногунро нест кунанд.

Боз 27 кило маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои дигар мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 Агентӣ 105 парвандаи ҷиноиро алайҳи 162 нафар ба додгоҳ фиристодааст.

Боздошти се нашъаҷаллоб дар Норак: сокинони Кӯлоб, Бадахшон ва Душанбе буданд

Ёдрас мекунем, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тӯли се соли охир дар Тоҷикистон 35 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор барҳам дода шуд.

Боздошти нашъаҷаллоб аз шаҳри Кӯлоб: 86 килограм маводи мухаддир мусодира шуд

Қисми зиёди маводи мухаддире, ки ба кишвар интиқол дода мешавад, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0