https://sputnik.tj/20210729/dzudo-dizudo-judo-kumita-zabon-kadom-durust-1041256249.html
“Дзюдо”, “дизюдо” ё “ҷудо”? раиси Кумитаи забон гуфт, кадоме дуруст аст
“Дзюдо”, “дизюдо” ё “ҷудо”? раиси Кумитаи забон гуфт, кадоме дуруст аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузинаи дурусти номи намуди варзиши “дзюдо” – ро ном бурд
2021-07-29T12:13+0500
2021-07-29T12:13+0500
2021-07-29T16:42+0500
фарҳанг
кумитаи забон ва истилоҳот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041288905_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_81a72c569870c1eefaa0e675e9e1a9f9.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, “ҷудо” дуруст аст ва “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд. “Ман ба ин назарам, ки агар мо шакли дурусти як калимаро иқтибос карданӣ бошем, бояд ба асли он бингарем. “Ҷудо” калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо” – ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем ”, - гуфт ОлимҷонРаиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, вақте дар ин ниҳод 12 ҳазор номи ҷуғрофии ҷаҳонро ба баррасӣ гирифтанд, ба ҳамон аслашон муроҷиат карданд. “Вақте як калима тариқи забонҳои дигар меояд, маъниву талаффуз дигар мешавад. Ё ба таърихи худ бояд муроҷиат кунем, ки ин ё он ном чӣ гуна пазируфта шуда буд, он гуна, ки Маҷористону Лаҳистону дигарҳо ҳастанд. Забони инглисӣ дар худ 80% калимоти иқтибосиро ҳазм кардааст ва ҳеҷ ҷояш кам нашудааст”, - гуфт Олимҷон Муҳаммадзода. Номбурда гуфт, мо аз калимоти иқтибосӣ, дар сурати адами онҳо дар забонамон, фирор карда наметавонемҚаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор истифодабарандагон аз истифодаи калимаи “ҷудо” дар ахбори марбут ба мусобиқоти олимпии Токио интиқод карда, бархе онро ҳатто бо вожаи “ҷудо” – тақсим кардан – рабт доданд ва истифодаи онро нодуруст шумурданд. Аммо иддае миёни “ҷудо” – и тоҷикӣ ва “ҷудо” – и ҷопонӣ фарқро дар задаҳое арзёбӣ мекунанд, ки дар ҳиҷои аввалу охир хоҳад омад. Иддае ҳам дар истифодаи “дзюдо” мушкиле намебинанд ва бархе ҳам онро ба лаҳни тоҷикӣ “дизюдо” дидан мехоҳанд.
https://sputnik.tj/20210729/charo-ka-ke-nashud-posuh-rais-kumita-zabon-1041254216.html
https://sputnik.tj/20210723/mushkil-ts-hal-shud-harfho-alifbo-tojik-1041124164.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041288905_81:0:1218:853_1920x0_80_0_0_a365ba5a8f31199ece7f74470095c5c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
“дзюдо”, “дизюдо”, “ҷудо”, кумитаи забон, кадоме дуруст,
“дзюдо”, “дизюдо”, “ҷудо”, кумитаи забон, кадоме дуруст,
“Дзюдо”, “дизюдо” ё “ҷудо”? раиси Кумитаи забон гуфт, кадоме дуруст аст
12:13 29.07.2021 (Навсозишуда: 16:42 29.07.2021) Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузинаи дурусти номи намуди варзиши “дзюдо” – ро ном бурд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, “ҷудо” дуруст аст ва “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд.
“Ман ба ин назарам, ки агар мо шакли дурусти як калимаро иқтибос карданӣ бошем, бояд ба асли он бингарем. “Ҷудо” калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо” – ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем ”, - гуфт Олимҷон
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, вақте дар ин ниҳод 12 ҳазор номи ҷуғрофии ҷаҳонро ба баррасӣ гирифтанд, ба ҳамон аслашон муроҷиат карданд.
“Вақте як калима тариқи забонҳои дигар меояд, маъниву талаффуз дигар мешавад. Ё ба таърихи худ бояд муроҷиат кунем, ки ин ё он ном чӣ гуна пазируфта шуда буд, он гуна, ки Маҷористону Лаҳистону дигарҳо ҳастанд. Забони инглисӣ дар худ 80% калимоти иқтибосиро ҳазм кардааст ва ҳеҷ ҷояш кам нашудааст”, - гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.
Номбурда гуфт, мо аз калимоти иқтибосӣ, дар сурати адами онҳо дар забонамон, фирор карда наметавонем
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор истифодабарандагон аз истифодаи калимаи “ҷудо” дар ахбори марбут ба мусобиқоти олимпии Токио интиқод карда, бархе онро ҳатто бо вожаи “ҷудо” – тақсим кардан – рабт доданд ва истифодаи онро нодуруст шумурданд.
Аммо иддае миёни “ҷудо” – и тоҷикӣ ва “ҷудо” – и ҷопонӣ фарқро дар задаҳое арзёбӣ мекунанд, ки дар ҳиҷои аввалу охир хоҳад омад.
Иддае ҳам дар истифодаи “дзюдо” мушкиле намебинанд ва бархе ҳам онро ба лаҳни тоҷикӣ “дизюдо” дидан мехоҳанд.