https://sputnik.tj/20210723/mushkil-ts-hal-shud-harfho-alifbo-tojik-1041124164.html
Мушкили "ц" ҳал шуд: тавзеҳи тарзи навишти калимаҳои иқтибосӣ дар қоидаҳои нави имло
Мушкили "ц" ҳал шуд: тавзеҳи тарзи навишти калимаҳои иқтибосӣ дар қоидаҳои нави имло
Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, тарзи навишти калимаҳои ҳомили ҳарфи “ц” – ро муайян намуданд
2021-07-23T15:11+0500
2021-07-23T15:11+0500
2021-07-23T15:11+0500
дар тоҷикистон
маориф
забон
ҳарф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003684_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_af5b48397bdf312e38c9724a37092a73.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бархе пешниҳодҳо барои баргардондани ҳарфҳои “ц” “щ”-ро рад карда, изҳор дошт, танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ муайян мекунанд.Дар Қоидаҳои ҷадиди имлои забони тоҷикӣ, ки Ҳукумат тасдиқ кард, тавзеҳ дода шудааст, ки дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи русии ц ҳарфҳои с ва тс навишта мешаванду мавридҳояш тавзеҳ ёфтаанд. Аз ҷумла омадааст, дар аввали калима, пеш аз садонок с навишта мешавад: семент - цемент, сирк -цирк, ситрон -цитрон ва ғайра.Қаблан сари баргардондани ҳарфҳои “ц” ва “щ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс бархест. Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест.Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд ва дар бархе ҳолатҳо зимни навишти калимаҳои иқтибосӣ, махсусан ҳомили “ц”, баҳсҳо сар мезаданд. Ҳарфҳои "ы" ва "щ" дар калимаҳои иқтисобосӣ бо "и" ва "ш" ҷойгузин шуданд.
https://sputnik.tj/20210723/qaror-hukumat-nom-alifbo-tojiki-1041117743.html
https://sputnik.tj/20210723/muhtaram-raisa-muallima-nodurustand-qoidahoi-imlo-1041121249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003684_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d1f445c9cb30dece1fbfe69a4fee4f39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарз, қоида, имло, ҳукумат, ц, ц
тарз, қоида, имло, ҳукумат, ц, ц
Мушкили "ц" ҳал шуд: тавзеҳи тарзи навишти калимаҳои иқтибосӣ дар қоидаҳои нави имло
Дар Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, тарзи навишти калимаҳои ҳомили ҳарфи “ц” мушаххас шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бархе пешниҳодҳо барои баргардондани ҳарфҳои “ц” “щ”-ро рад карда, изҳор дошт, танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ муайян мекунанд.
Дар Қоидаҳои ҷадиди имлои забони тоҷикӣ, ки Ҳукумат тасдиқ кард, тавзеҳ дода шудааст, ки дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи русии ц ҳарфҳои с ва тс навишта мешаванду мавридҳояш тавзеҳ ёфтаанд.
Аз ҷумла омадааст, дар аввали калима, пеш аз садонок с навишта мешавад: семент - цемент, сирк -цирк, ситрон -цитрон ва ғайра.
Дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: консерт - концерт, конференсия - конференция ва ғайра.
Дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент - доцент, милитсия - милиция, фарматсевт - фармацевт, конститутсия - конституция, ассотсиатсия - ассоциация ва ғайра.
Баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: Липетск - Липецк, Донетск - Донецк ва ғайра;
Дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс - плац, Вадутс - Вадуц, кварс - кварц ва ғайра.
Қаблан сари баргардондани ҳарфҳои “ц” ва “щ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс бархест. Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест.
Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд ва дар бархе ҳолатҳо зимни навишти калимаҳои иқтибосӣ, махсусан ҳомили “ц”, баҳсҳо сар мезаданд. Ҳарфҳои "ы" ва "щ" дар калимаҳои иқтисобосӣ бо "и" ва "ш" ҷойгузин шуданд.