https://sputnik.tj/20210728/tojikiston-burishi-darahton-kam-shud-1041225206.html
Дар Тоҷикистон буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд: мақомот сабабашро гуфт
Дар Тоҷикистон буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд: мақомот сабабашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд
2021-07-28T10:20+0500
2021-07-28T10:20+0500
2021-07-28T10:20+0500
дар тоҷикистон
барқ
мақомот
дарахтон
решакан шудани дарахтон
дарахтшинонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/20/1031462020_0:360:1920:1440_1920x0_80_0_0_9783e276cbf782171d3d81e45c7c988a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки буриши дарахтон баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ кам шуда бошад ҳам, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 657 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ба маблағи зарари 411,4 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.Вай афзуд, ки буриши ғайриқонунии дарахтон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба заминҳои фонди хоҷагии чангал шомиланд, анҷом дода мешавад.Абдуҷаббор Юсуфзода гуфт, ки маблағи зарари аз хоҷагиҳо, махсусан роҳбарони онҳо расондашуда 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зикр кард, ки масъалаи бунёд ва барқарорсозии ҷангал, ки асоси онро дарахтони бисёрсолаю сояафкан ва буттаву арчазор ташкил медиҳанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти агентӣ қарор дорад.Вай илова кард, ки барои ҳарчи зудтар бартараф кардани қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
https://sputnik.tj/20201214/Rustami-Emomali-ba-masjid-raftu-darakht-shinond-aks-1032452664.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/20/1031462020_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_fe55143af6832a06379f224c72e31424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, дарахт, буриши ғайриқонунӣ, кам шудан, мақомот
тоҷикистон, дарахт, буриши ғайриқонунӣ, кам шудан, мақомот
Дар Тоҷикистон буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд: мақомот сабабашро гуфт
Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ буриши ғайриқонунии дарахтон кам шуд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки буриши дарахтон баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ кам шуда бошад ҳам, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 657 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ба маблағи зарари 411,4 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки буриши ғайриқонунии дарахтон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба заминҳои фонди хоҷагии чангал шомиланд, анҷом дода мешавад.
Абдуҷаббор Юсуфзода гуфт, ки маблағи зарари аз хоҷагиҳо, махсусан роҳбарони онҳо расондашуда 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбари Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон зикр кард, ки масъалаи бунёд ва барқарорсозии ҷангал, ки асоси онро дарахтони бисёрсолаю сояафкан ва буттаву арчазор ташкил медиҳанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти агентӣ қарор дорад.
Вай илова кард, ки барои ҳарчи зудтар бартараф кардани қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.