Шойгу бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу, архивное фото
Министр обороны РФ Сергей Шойгу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу барои ширкат дар ҷаласаи вазирони дифои СҲШ ба пойтахти Тоҷикистон парвоз кард
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе гулчанбар гузошт.
Вазири рус ҳамроҳ бо дигар ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СҲШ дар майдони марказии пойтахт "Дӯстӣ", ин маросимро анҷом дод.
Пас аз гулчанбаргузорӣ, қарор аст, нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шавад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу на полигоне Донгуз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВАО: Шойгу ба Тоҷикистон меояд
Дар ҷаласа ҳайатҳои низомӣ аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва инчунин Белорус ҳамчун як кишвари нозир дар СҲШ ширкат хоҳанд кард.
Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар доираи ин сафар, Шойгу бо роҳбарони бахши мудофиаи кишварҳои СҲШ мулоқоти дуҷониба хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0