Пишакамро куштӣ гуфта, зани тоҷикро 10 корд зад: боздошти мард дар Маскав

CC0 / Pixabay / Серая кошка
Серая кошка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирзани тоҷикро дар Маскав барои марги як гурба 10 корд заданд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар шаҳри Маскав сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирзани 49 - солаи тоҷик сурат гирифт.
Бар хабари сомонаи 360, зани тоҷикро писари пиразане, ки қаблан дар хонаи онҳо хидматгор буд, 10 маротиба корд задааст.
Манбаъ аз ҷабрдида Зулфия ном мебарад ва мегӯяд, ки ӯ феълан дар ҳолати вазнин дар яке аз беморхонаҳои пойтахт қарор дорад.
Ҳодисаи нохуш рӯзи 27 июл дар Кускова иттифоқ афтодааст.
Пас аз 4 сол: парвандаи сокини Петербург барои қатли тоҷикистонӣ ба додгоҳ рафт
Муҳоҷирзани тоҷик ним сол қабл ба як пиразан дар рӯбучини хона кумак мерасонд ва бо гузашти чанде ин хонаро тарк мекунад. Дар ин асно пас аз чанд муддат гурбаи соҳибхона ногаҳон мемирад ва писари пиразан дар марги ҳайвони хонагӣ зани тоҷикро гумонбар мекунад.
Гуфта мешавад, ӯ чанд моҳ нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани зани тоҷикро кашида, рӯзи 27 июл ҳамчун хаткашон ба хонаи Зулфия роҳ ёфт ва бо истифода аз корд 10 маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба расонд.
Феълан марди муттаҳам дар сӯиқасд ба ҷони Зулфия боздошт шудааст ва тибқи маълумоти мавҷуда номбурда бемори руҳӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0