Экологҳои кишварҳои СҲШ дар Душанбе ҷамъ меоняд

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ҷаласаи мазкур санаи 28-29 июл тариқи онлайн ва оффлайн сурат мегирад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки барои иштирок дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист Исломбек Бокиҷонов ба Душанбе меояд
таъкид гардидааст, ки қисми боқимондаи кишварҳои узви СҲШ дар ҷаласаи онлайн иштирок мекунанд.
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Вазирони дифои узви СҲШ дар Душанбе ҷамъ омаданд
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода иброз доштааст, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи экология барои кишварҳои аъзои СҲШ, алалхусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.

“Бинобар тағйирёбии иқлим ва хушк шудани баҳри Арал, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии захираҳои об, биёбоншавӣ, хушксолӣ, шӯршавӣ ва таназзули хок, бад шудани сифати ҳаво, аз байн рафтани баъзе намудҳои олами наботот ва ҳайвонот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба назар мерасад”, - қайд кардааст оқои Шерализода.

вай таъкид доштааст, ки дар тӯли фаъолияти СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иқтидори назарраси ҳамкорӣ дар ин самт ташаккул ёфт.
Лентаи хабарҳо
0