https://sputnik.tj/20210728/dodari-apa-darguzashti-barodari-tahmina-rajabova-1041249928.html
“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - акс
“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - акс
Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҷабов, ки дар миёни хонаводаи Раҷабовҳо бо номи Бобоҷон хитоб мешуд, даргузашт
2021-07-28T20:40+0500
2021-07-28T20:40+0500
2021-07-28T21:44+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
дуо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041249895_0:4:781:443_1920x0_80_0_0_329d2b07f07978df1672348fd9e5358d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.Марҳум ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргро марбути коронавирус медонанд.Дар мавриди иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки марҳум гирифтори коронавирус буд. Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки “Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад”. Бар асоси саҳифаҳои иҷтимоии Юсуф Раҷабов, ӯ чанд ҳафтаи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаасту бо дӯстонаш шӯхиҳо мекардааст. Худи Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт, гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд. Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041249895_0:0:781:586_1920x0_80_0_0_c727b5b9a55ff95d9317d8883b9030e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, беморӣ, таҳмина раҷабов, юсуф раҷабов
даргузашт, беморӣ, таҳмина раҷабов, юсуф раҷабов
“Додари апа, сӯхтам”: даргузашти бародари ҷавони Таҳмина Раҷабова - акс
20:40 28.07.2021 (Навсозишуда: 21:44 28.07.2021) Юсуф Раҷабов, ки дар миёни хонаводаи Раҷабовҳо бо номи Бобоҷон хитоб мешуд, даргузашт. Ӯ 32 сол дошт
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Таҳмина Раҷабова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон аз марги Юсуф Раҷабов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.
“Бобоҷони апа, додари апа, сӯхтам барои ту, ҷону ҷигаракам. Аллоҳи меҳрубон ҷоята ҷаннат гардонад, ҷони апа”, - навиштааст Таҳмина Раҷабова.
Марҳум ҳамагӣ 32 сол дошт ва наздикон сабаби маргро марбути коронавирус медонанд.
Дар мавриди иллати даргузашти Юсуф, Таҳмина Раҷабова чизе нанавиштааст, аммо як узви оилаи Раҷабовҳо ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки марҳум гирифтори коронавирус буд. Бархе аз корбарон зимни изҳори ҳамдардӣ ба аъзои хонаводаи Раҷабовҳо дар шарҳҳо изҳор доштаанд, ки “Худо ин вабои асрро аз сари башарият дур гардонад”. Бар асоси саҳифаҳои иҷтимоии Юсуф Раҷабов, ӯ чанд ҳафтаи қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаасту бо дӯстонаш шӯхиҳо мекардааст.
Худи Таҳмина Раҷабоваи 39-сола, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар Русия қарор дошту баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар карантин қарор дошт, гуфта буд, ки ӯ ва бархе аъзои оилааш ин бемориро паси сар карданд.
Раҷабова соли гузашта гуфта буд, ки аъзои хонавода бемориро сабук гузаронданд, аз ҷумла модари 63-солааш низ ин бемориро паси сар кардааст.