Тақдими боз 2 миллион вояи чинӣ ба Тоҷикистон ва оғози ваксинзанӣ бо “Модерна”-и амрикоӣ

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде
Очереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вуруди боз 2 миллион воя ваксинаи ройгони чинӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон боз 2 миллион вояи ваксинаи “Коронавак” - ро туҳфа кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Ин вояҳо рӯзи 28 июл вориди Тоҷикистон мешаванд ва ба зудӣ мардум, бахусус, онҳое, ки вояи аввалини онро гирифта буданд, метавонанд вояи дуввумро низ гиранд”, - гуфт ӯ.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли равон эълом дошта буд, ки 150 ҳазор вояи ваксинаи “Коронавак” аз сӯи тавлидгари чинӣ “Синовак” дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар Тоҷикистон бояд 5,8 миллион нафар ваксинаи зидди COVID 19 гиранд ва то ба ҳол 2,6 фисади онҳо аз “АстраЗенека” – и аврупоӣ ва ҳам аз “КоронаВак” – и чинӣ ваксина гирифтаанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ ҳанӯз моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” – и сохти Аврупоро аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол дода буданд.
Ҳамзамон, 26 июл, Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, аз дарёфти 1,5 миллион воя ваксинаи “Модерна” –и и сохти Амрико хабар дод.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт
“Ваксинаи “Модерна” – ро низ дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон тақсим кардем. Шаҳрвандон метавонанд барои солимии худу наздиконашон ба марокизи саломатии шаҳру навоҳии кишвар муроҷиат намуда, аз ин ваксинаи амрикоӣ худро эмин созанд”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тоҷикистон дар оғози моҳи июл аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки барои дастрас кардани ваксинаҳои навъи Pfizer ва Moderna мусоидат кунад. Ин пешниҳод 1 июли соли равон аз сӯи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури иқтисод ва тиҷорат дар шаҳри Вашингтон ироа шудааст.
Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон моҳи август 310 ҳазор вояи “АстраЗенека” ва семоҳаи аввали соли оянда боз 650 ҳазор ваксинаи “Модерна” дастрас хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0