Толибон хати барқро тахриб намуда, Кобулро бидуни рушноӣ монданд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСитуация с энергоснабжением Крыма
Ситуация с энергоснабжением Крыма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Ҷангиёни ҳаракати Толибон* маркази Афғонистонро аз истифодаи неруи барқ маҳрум намуданд. Онҳо хати интиқоли барқро тахриб карданд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон* манораҳои интиқоли барқро дар вилояти Бағлон тарконда, Кобул ва қаламравҳои атрофи онро бе барқ ​​монданд.
Дар ин бора оҷонсии Интерфакс бо такя ба ширкати миллии энержии Афғонистон "Брешна" хабар медиҳад.
Хатҳои интиқоли барқ ​​дар деҳаи Келагайи вилояти Бағлон тахриб шуданд ва ҳамакнун интиқоли неруи барқ ба Кобул қатъ гардид.
"Кормандони техникии ширкат мекӯшанд, ки мушкилотро ҳал кунанд ва интиқоли неруи барқро ба пойтахту вилоятҳои атрофи он барқарор кунанд", - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Қобили зикр аст, ки Афғонистон нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ надорад ва кишвар эҳтиёҷоти худро тавассути харид аз кишварҳои ҳамсоя: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бароварда мекунад.
Военнослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Амрикоиҳо: ҷанг дар Афғонистон иштибоҳ буд
Дар ҳамин ҳол, тахриби хатҳои барқ ​​як тактикаи маъруфи муборизаи террористон дар ҷараёни даргириҳои низомӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ мебошад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Афғонистон
Лентаи хабарҳо
0