Мясников: тирамоҳ мавҷи нави коронавирус сар мезанад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкГлавврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников
Главврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Пизишки рус ва муҷрии барномаи телевизионӣ, Александр Мясников пешгӯӣ намудааст, ки тирамоҳ боз мавҷи нави бемории коронавирус авҷ мегирад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Пизишки рус, Александр Мясников мегӯяд, тирамоҳи имсол боз мавҷи нави бемории коронавирус авҷ мегирад. Ӯ гуфт, вазъияте, ки ҳоло мавҷуд аст, моҳи оянда рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва моҳҳои сентябр, октябр низ ҳолати гирифторшавии мардум ба ин вирус мӯътадил хоҳад буд.
Ба боварии ӯ, мавҷи нав аз моҳи ноябр сар мезанад.
Аз ин рӯ, пизишк тавсия додааст, ки то моҳи ноябр мардум фурсати зиёд доранд ва то ин муддат бояд ҳатман ваксин гиранд, то дар сурати бемор шудан, ҷараёнӣ касалӣ сабуктар гузарад.
Врачи госпитализируют больного, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
Мясников аз ҳолати тақсими ваксин дар ҷаҳон шадидан нигарон аст. Ӯ мегӯяд, то замоне, ки ваксин ба таври баробар миёни сокинони сайёра тақсим нагардад, ин вабо ҳамон қадар авҷу бедодгарӣ мекунад.
Мутахассиси рус аз ҷумла ба изҳороти роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт бобати тақсими одилонаи ваксин ишора намуда, афзудааст, ки тақсимбандии ваксин на бояд танҳо миёни кишварҳои доро сурат гирифта шаваду давлатҳои "камбағал" канор монанд.
"Камбудиҳо дар логистикаи ваксинаҳо дар миқёси ҷаҳонӣ метавонад мубориза бо коронавирусро беэътибор кунад. Ҳоло штамми" делта "-и Африқои Ҷанубӣ паҳн шуда истодааст, ки ваксинҳо алайҳи ин навъ он қадар самарабахш нестанд", - илова намудааст Мясников.
Дар ин идома, ӯ таъқкид намуд, ягона роҳи халосӣ аз ин вирус ваксин гирифтан ҳасту халос.
Ба гуфтаи ӯ, пӯшидани ниқобу дигар чораҳои беҳдоштӣ ҳам бидуни гирифтани ваксин самаранок нестанд.
Лентаи хабарҳо
0