https://sputnik.tj/20210721/sjb-buruz-hatarnok-koronavirus-hushdor-1041054084.html
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон ба навъи нави хатарноктари коронавирус рӯбарӯ хоҳад шуд
2021-07-21T15:25+0500
2021-07-21T15:25+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
сҷб
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/77/1030587706_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_1428d368f5c2be5099dcfe0c13572876.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Ҷаҳон метавонад ба навъи даҳшатноктари коронавирус дучор ояд, мегӯяд роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Габресйесус дар ҷараёни ҷаласаи 138 - умини Кумитаи байналмилалии олимпӣ.Роҳбари СҶБ изҳор дошт, ки мутатсияи нав аз навъи "делта" ҳам бадтар хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ интиқоли минбаъдаи сироят метавонад муҷиби сар задани навъи хатарноки коронавирус гардад.Сухангӯи СҶБ қайд кард, ки бо чунин тамоюл, метавонад штамми коронавирус ба вуҷуд ояд, ки ягон ваксин ба он таъсир расонданро наметавонад.Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир "бӯҳрони бесобиқа" вуҷуд дорад, ки "тадобири бесобиқаро" тақозо мекунад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи СҶБ борҳо аз пайдоиши навъҳои нави коронавирус ҳушдор дод, ки аз вирусҳои феълӣ хатарноктар буда, назорат кардани он мушкилтар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210624/delta-hindi-koronavirus-uzbekiston-1040411603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/77/1030587706_246:0:2977:2048_1920x0_80_0_0_3542df0a9e1c36ea186da216bdcedc25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб коронавирус
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
15:25 21.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон ба навъи нави хатарноктари коронавирус рӯбарӯ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Ҷаҳон метавонад ба навъи даҳшатноктари коронавирус дучор ояд, мегӯяд роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Габресйесус дар ҷараёни ҷаласаи 138 - умини Кумитаи байналмилалии олимпӣ.
Роҳбари СҶБ изҳор дошт, ки мутатсияи нав аз навъи "делта" ҳам бадтар хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ интиқоли минбаъдаи сироят метавонад муҷиби сар задани навъи хатарноки коронавирус гардад.
"То ҳадде, ки ин вирус бештар доман занад, ҳамон андоза эҳтимолияти пайдо шудани навъҳои хатарноктар ҷой дорад. Ҳатто аз "делта" - е, ки ҳоло хисороти зиёди ҷонӣ ва молӣ ба ҷаҳон овардааст, даҳшатноктар мешавад", - афзудааст Гебрейесус.
Сухангӯи СҶБ қайд кард, ки бо чунин тамоюл, метавонад штамми коронавирус ба вуҷуд ояд, ки ягон ваксин ба он таъсир расонданро наметавонад.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир "бӯҳрони бесобиқа" вуҷуд дорад, ки "тадобири бесобиқаро" тақозо мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи СҶБ борҳо аз пайдоиши навъҳои нави коронавирус ҳушдор дод, ки аз вирусҳои феълӣ хатарноктар буда, назорат кардани он мушкилтар хоҳад шуд.