https://sputnik.tj/20210727/farhod-rahimi-oghoz-kor-reaktori-argus-1041216437.html
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, муҳлати оғози кори реактори “Аргус” маълум нест
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, муҳлати оғози кори реактори “Аргус” маълум нест
Sputnik Тоҷикистон
Барқарор намудани кори реактори ҳастаии “Аргус” дар Тоҷикистон, ба муҳлати номуайян гузошта шуд
2021-07-27T18:00+0500
2021-07-27T18:00+0500
2021-07-27T18:00+0500
дар тоҷикистон
душанбе
фарҳод раҳимӣ
академияи улуми тоҷикистон
ҳастаӣ
барқарорсозӣ
аргус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102229/84/1022298487_0:304:3101:2048_1920x0_80_0_0_bb63e34729ffcc5d10e0f5212d36eb16.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки реактори ҳастаии “Аргус”, ки қарор буд барқарорсозиаш соли 2020 оғоз мешуд, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.Ба гуфтаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, МАГАТЭ ҳар ним сол ҳолати бехатарии реакторро месанҷад ва дар ҳоли ҳозир корҳои таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқӣ барои ба кор даровардани реактор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.Фарҳод Раҳимӣ қайд кард, ки айни замон корҳои барқарорсозии иншоот 85 дарсад ба анҷом расидаааст.Номбурда зикр кард, ки маҳсулоте, ки баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар реактори “Аргус” истеҳсол мешавад, дар саросари дунё серталабу серхаридор хоҳад буд.Дар созишномаи охири моҳи феврали соли 2017 имзошуда байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарорсозии кори реактор пешбинӣ шудааст.Ёдрас мешавем, ки реактори ҳастаии Тоҷикистон мавсум ба "Аргус-ФТИ" дар солҳои 1980 сохта шуда, вале ба далели мушкилоти ношӣ аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҷанги дохилӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ мавриди баҳраварӣ қарор нагирифтааст.Акнун ҳукумати Тоҷикистон дар ростои таҳаққуқи мусаввабаи “Барқарорсозӣ ва баҳрабардорӣ аз реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии Аргус 2020-2016 дар ҳоли омодасозии ин таъсисоти муҳим барои баҳрабардории комил аст.Қарор аст, дар “Аргус-ФТИ” фаъолиятҳои илмӣ дар бахшҳои пизишкӣ, кишоварзӣ, маодин, химия ва биологӣ сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20210419/barnomai-davlati-barqaror-namudani-reaktori-hastaii-argus---1038788038.html
https://sputnik.tj/20170301/argus-reaktor-uran-tojikiston-1021790800.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102229/84/1022298487_87:0:2818:2048_1920x0_80_0_0_632b709b7e202c8310194bc138d5f567.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, академияи илмҳо, реактор "аргус", мавқу, барқарорсозӣ
тоҷикистон, академияи илмҳо, реактор "аргус", мавқу, барқарорсозӣ
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, муҳлати оғози кори реактори “Аргус” маълум нест
Барқарор намудани кори реактори ҳастаии “Аргус” дар Тоҷикистон, ба муҳлати номуайян гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки реактори ҳастаии “Аргус”, ки қарор буд барқарорсозиаш соли 2020 оғоз мешуд, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
“Бо сабаби зарурати мувофиқасозии доимии лоиҳа бо Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ, оғози татбиқи лоиҳа мавқуф гузошта мешавад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Ба гуфтаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, МАГАТЭ ҳар ним сол ҳолати бехатарии реакторро месанҷад ва дар ҳоли ҳозир корҳои таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқӣ барои ба кор даровардани реактор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Фарҳод Раҳимӣ қайд кард, ки айни замон корҳои барқарорсозии иншоот 85 дарсад ба анҷом расидаааст.
Номбурда зикр кард, ки маҳсулоте, ки баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар реактори “Аргус” истеҳсол мешавад, дар саросари дунё серталабу серхаридор хоҳад буд.
“Дар реактор истеҳсоли маводу дорувории тиббӣ барои муолиҷаи беморони саратон ба нақша гирифта шудааст”, - афзуд академики тоҷик.
Дар созишномаи охири моҳи феврали соли 2017 имзошуда байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарорсозии кори реактор пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки реактори ҳастаии Тоҷикистон мавсум ба "Аргус-ФТИ" дар солҳои 1980 сохта шуда, вале ба далели мушкилоти ношӣ аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҷанги дохилӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ мавриди баҳраварӣ қарор нагирифтааст.
Акнун ҳукумати Тоҷикистон дар ростои таҳаққуқи мусаввабаи “Барқарорсозӣ ва баҳрабардорӣ аз реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии Аргус 2020-2016 дар ҳоли омодасозии ин таъсисоти муҳим барои баҳрабардории комил аст.
Қарор аст, дар “Аргус-ФТИ” фаъолиятҳои илмӣ дар бахшҳои пизишкӣ, кишоварзӣ, маодин, химия ва биологӣ сурат бигирад.