Қабули барномаи давлатӣ барои барқарор намудани реактори ҳастаии “АРГУС”

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкЯдерный реактор. Архивное фото
Ядерный реактор. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Барои таъмири реактори ҳастаии “АРГУС-и Институти физикаву техникаи АМИТ барномаи нави давлатӣ қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”, интизор меравад барои пурра барқарор намудани реактори ҳастаии “Аргус” - и Институти физикаву техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барномаи давлатӣ қабул гардад.
Тавре Фарҳод Шокир, директори институти мазкур гуфт, барномаи нав, ки мақсади асосии он барқарор ва минбаъд ба мақсади осоишта ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода намудани реактори ҳастаии “Аргус” мебошад, аз ҷониби мутахассисон омода ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
В Институте атомной энергии имени И.В. Курчатова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Реактори "Аргус" 80 дарсад барқарор шуд
Қаблан барои барқарор намудани реактор Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори “Аргус” барои солҳои 2016-2020 қабул ва мавриди амал қарор дошт.
Муҳлати барнома ба охир расида бошад ҳам, пурра иҷро нашуд. Акнун олимон нақша доранд дар доираи барномаи нав корҳои таъмир ва барқарорсози реакторро идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0