https://sputnik.tj/20210727/dushanbe-korhonai-istehsoli-bunyod-megardad-1041213048.html
Билол Иброҳим: сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ дар ду кӯчаи шаҳри Душанбе идома дорад
Билол Иброҳим: сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ дар ду кӯчаи шаҳри Душанбе идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад
2021-07-27T16:10+0500
2021-07-27T16:10+0500
2021-07-27T16:10+0500
дар тоҷикистон
душанбе
сохтмон
шоҳмансур
коргоҳи истеҳсолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Билол Иброҳим, матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад.Вай қайд кард, ки ҳангоми ба кор андохтани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба кишварҳои хориҷ ба маротиб афзоиш ёфта, зиёда аз 3250 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли равон дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи 6 корхона ва 1 коргоҳ ба нақша гирифта шудааст.“Тибқи нақша, моҳи марти соли равон 2 корхона ва 1 коргоҳ бо 75 ҷои кори нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо 50 ҷои корӣ, таҷдиди бинои таъминоти истеҳсолӣ (полиграфия) бо 10 ҷои корӣ ва сохтмони сехи истеҳсолӣ (тирезаҳои пластикӣ) бо 15 ҷои кори нав ифтитоҳ гардиданд”, - зикр кардааст Билол Иброҳим.Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчунин қайд кард, ки моҳи августи имсол дар ноҳия 4 адад корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, коркарди хушкмева, афшура аз меваҳо ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210727/sohibkoron-tojik-surhandaryo-uzbekiston-korhona-bunyod-1041210019.html
душанбе
шоҳмансур
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_102:0:1717:1211_1920x0_80_0_0_f050bda3f1aa2f269b74c8c56771639a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корхонаи истеҳсолӣ, душанбе, кӯчаи айнӣ ва зебуниссо
тоҷикистон, корхонаи истеҳсолӣ, душанбе, кӯчаи айнӣ ва зебуниссо
Билол Иброҳим: сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ дар ду кӯчаи шаҳри Душанбе идома дорад
Дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Билол Иброҳим, матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад.
Вай қайд кард, ки ҳангоми ба кор андохтани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба кишварҳои хориҷ ба маротиб афзоиш ёфта, зиёда аз 3250 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли равон дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи 6 корхона ва 1 коргоҳ ба нақша гирифта шудааст.
“Тибқи нақша, моҳи марти соли равон 2 корхона ва 1 коргоҳ бо 75 ҷои кори нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо 50 ҷои корӣ, таҷдиди бинои таъминоти истеҳсолӣ (полиграфия) бо 10 ҷои корӣ ва сохтмони сехи истеҳсолӣ (тирезаҳои пластикӣ) бо 15 ҷои кори нав ифтитоҳ гардиданд”, - зикр кардааст Билол Иброҳим.
Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчунин қайд кард, ки моҳи августи имсол дар ноҳия 4 адад корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, коркарди хушкмева, афшура аз меваҳо ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба нақша гирифта шудааст.