https://sputnik.tj/20210727/der-nashavad-prezidenti-akademiyai-mushkili-1041224540.html
“Дер нашавад”: президенти Академияи миллии илмҳо мушкили №1-ро ном бурд
“Дер нашавад”: президенти Академияи миллии илмҳо мушкили №1-ро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳоро мушкили рақами як унвон кард
2021-07-27T21:59+0500
2021-07-27T21:59+0500
2021-07-27T21:59+0500
дар тоҷикистон
ҳифз
экология
пирях
илм ва фанноварӣ
таъмин кардан
академияи илмҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1b/1041207783_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_be73c0eb8c489b827b8be18c4991c72f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, гармшавии иқлим ва дар пайи он об шудани пиряхҳо захираҳои оби Осиёи Марказӣ сол ба сол коҳиш меёбанд ва минтақа ба мушкили об мувоҷеҳ шудааст.Президенти Академияи илмҳо зикр кард, ки ибтидои асри 20 дар Осиёи Марказӣ 10 миллион аҳолӣ ва 1 миллион гектар заминҳои обёришаванда буд.Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург дар масоҳати 11146 километри мураббаъ, 8 дарсади ҳудуди кишвар, вуҷуд доранд ва онҳо манбаи 60 фоизи оби Осиёи Марказиянд.Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини ниҳодаш ҳатто ба умқи 100 километр ҷойҳое, ки инсон рафта наметавонад, парвоз намуда, акс мебардоранд ва маълумотро дар дасти олимон қарор медиҳанд. “Ин додаҳо нишон медиҳанд, ки мушкили рақами як ҳоло ҳифзи пиряхҳо аст. Аммо оё мо пиряхҳоро ҳифз карда метавонем? Дар танҳоӣ ин ғайриимкон аст. Ин кори дастаҷамъона аст. Мушкилоте, ки имрӯз дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, мушкили танҳо Осиёи Марказӣ нест. Ин мушкили Чин, Покистон, Ҳиндустон, тамоми кишварҳоест, ки манбаъи оби онҳо пиряхҳо мебошанд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ. Вай афзуд, аз нигоҳи илмӣ роҳи ҳифзи пиряхҳо вуҷуд дорад, аммо иқдом бояд дастаҷамъона гирифта ва тамоми инсоният бояд даст ба кор шавад, то пиряхҳоро ҳифз ва зиндагии инсонҳоро дар ин манотиқ таъмин гардад, дар акси ҳол, дер хоҳад шуд.“Пеш аз ҳама кам кардани партовҳои гуногун ба атмосфераи замин ё ин ки дар сатҳи тозагӣ ё сафедӣ нигоҳ доштани қисмати болоии пиряхҳо. Агар сафедии қисмати болоии пиряхҳо зиёд бошад, ҳамон қадар нури офтобе, ки ба онҳо меафтад, инъикос мешавад, гармӣ ба дохил намегузарад ва обшавии пиряхҳо нисбатан кам мегардад. Ин як қонуни муайяни физикӣ аст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ. Рӯзи 3 марти соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як конфронси байнулмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим бо ишора ба босуръат об шудани ях дар Арктика, Антарктида ва Гренландия гуфт, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла зикр шуд, ки обшавии бузургтарин пиряхи ҷаҳон - Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, тайи 70-80 соли охир зиёда аз як километр кутоҳ ва майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст пешниҳод кард, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ӯ таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.
https://sputnik.tj/20210610/nigaroni-rahmon-mirziyoev-mushk-ekologi-om-1040140880.html
https://sputnik.tj/20201215/Sirojiddin-Muriddin-az-payomad-tagyiryobi-iqlim-va-hifz-piryakho-guft-1032461153.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1b/1041207783_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_edb7b3ba62c08c3140b1db1a832bed30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
академия, илм, пирях, илмҳо
академия, илм, пирях, илмҳо
“Дер нашавад”: президенти Академияи миллии илмҳо мушкили №1-ро ном бурд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳоро мушкили рақами як унвон кард
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, гармшавии иқлим ва дар пайи он об шудани пиряхҳо захираҳои оби Осиёи Марказӣ сол ба сол коҳиш меёбанд ва минтақа ба мушкили об мувоҷеҳ шудааст.
Президенти Академияи илмҳо зикр кард, ки ибтидои асри 20 дар Осиёи Марказӣ 10 миллион аҳолӣ ва 1 миллион гектар заминҳои обёришаванда буд.
"Имрӯз теъдоди аҳолие, ки аз ин дарёҳо об мехӯранд, ба 75 миллион расида, масоҳати заминҳои обёришаванда ба 10 миллион гектар баробар шудааст. Аммо дарёи нав, манбаи обии нав пайдо нашуд. Захираҳои обӣ ҳамон гуна, ки буданд. Баръакс захираҳои обӣ кам шуда истодаанд", - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург дар масоҳати 11146 километри мураббаъ, 8 дарсади ҳудуди кишвар, вуҷуд доранд ва онҳо манбаи 60 фоизи оби Осиёи Марказиянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини ниҳодаш ҳатто ба умқи 100 километр ҷойҳое, ки инсон рафта наметавонад, парвоз намуда, акс мебардоранд ва маълумотро дар дасти олимон қарор медиҳанд.
“Ин додаҳо нишон медиҳанд, ки мушкили рақами як ҳоло ҳифзи пиряхҳо аст. Аммо оё мо пиряхҳоро ҳифз карда метавонем? Дар танҳоӣ ин ғайриимкон аст. Ин кори дастаҷамъона аст. Мушкилоте, ки имрӯз дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, мушкили танҳо Осиёи Марказӣ нест. Ин мушкили Чин, Покистон, Ҳиндустон, тамоми кишварҳоест, ки манбаъи оби онҳо пиряхҳо мебошанд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Вай афзуд, аз нигоҳи илмӣ роҳи ҳифзи пиряхҳо вуҷуд дорад, аммо иқдом бояд дастаҷамъона гирифта ва тамоми инсоният бояд даст ба кор шавад, то пиряхҳоро ҳифз ва зиндагии инсонҳоро дар ин манотиқ таъмин гардад, дар акси ҳол, дер хоҳад шуд.
“Пеш аз ҳама кам кардани партовҳои гуногун ба атмосфераи замин ё ин ки дар сатҳи тозагӣ ё сафедӣ нигоҳ доштани қисмати болоии пиряхҳо. Агар сафедии қисмати болоии пиряхҳо зиёд бошад, ҳамон қадар нури офтобе, ки ба онҳо меафтад, инъикос мешавад, гармӣ ба дохил намегузарад ва обшавии пиряхҳо нисбатан кам мегардад. Ин як қонуни муайяни физикӣ аст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Рӯзи 3 марти соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як конфронси байнулмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим бо ишора ба босуръат об шудани ях дар Арктика, Антарктида ва Гренландия гуфт, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла зикр шуд, ки обшавии бузургтарин пиряхи ҷаҳон - Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, тайи 70-80 соли охир зиёда аз як километр кутоҳ ва майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст пешниҳод кард, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ӯ таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.