https://sputnik.tj/20210610/nigaroni-rahmon-mirziyoev-mushk-ekologi-om-1040140880.html
Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ
Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба масоили муҳити зист таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд
2021-06-10T18:03+0500
2021-06-10T18:03+0500
2021-06-10T19:08+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
баҳри арал
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102645/89/1026458944_0:163:2038:1309_1920x0_80_0_0_0f5029f982b61ebe4b1b3ad9dc426109.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масоили тағирёбии иқлим ва гармшавии кураи заминро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Президентҳо вазъи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказиро алоҳида арзёбӣ карданд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори истифодаи ҳамаҷонибаи судманди захираҳо шуданд. Ғайр аз ин, Мирзиёев ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ кард.Онҳо инчунин дар бораи наҷоти баҳри Арал сӯҳбат карданд. Раҳмон бо ташаббуси Ӯзбекистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Аралро истиқбол кард.Мирзиёев ва Раҳмон изҳори умедворӣ карданд, ки Маркази байналмилалии инноватсионии баҳри Арал дар назди президенти Ӯзбекистон ва Фонди бисёрҷонибаи эътимоди амнияти башарӣ дар минтақаи Арал таҳти сарпарастии СММ метавонанд дар беҳбуди вазъи Арал саҳм бигирад.
https://sputnik.tj/20200211/Piryakhhoi-Tajikiastan-sarchashmai-ob-dar-Osiyoi-Markazi--1030699916.html
https://sputnik.tj/20210303/Rahmon-peshniod-Sol-baynalmilali-piryakhho-1032932358.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102645/89/1026458944_0:0:2038:1530_1920x0_80_0_0_6222ec00c154fef9da36152c1ba15a1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ раҳмон мирзиёев экология ом иқлим баҳри арал
нигаронӣ раҳмон мирзиёев экология ом иқлим баҳри арал
Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ
18:03 10.06.2021 (Навсозишуда: 19:08 10.06.2021) Дар мулоқоти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба масоили муҳити зист таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масоили тағирёбии иқлим ва гармшавии кураи заминро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Президентҳо вазъи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказиро алоҳида арзёбӣ карданд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори истифодаи ҳамаҷонибаи судманди захираҳо шуданд.
Ғайр аз ин, Мирзиёев ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ кард.
Онҳо инчунин дар бораи наҷоти баҳри Арал сӯҳбат карданд.
Раҳмон бо ташаббуси Ӯзбекистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Аралро истиқбол кард.
Мирзиёев ва Раҳмон изҳори умедворӣ карданд, ки Маркази байналмилалии инноватсионии баҳри Арал дар назди президенти Ӯзбекистон ва Фонди бисёрҷонибаи эътимоди амнияти башарӣ дар минтақаи Арал таҳти сарпарастии СММ метавонанд дар беҳбуди вазъи Арал саҳм бигирад.