https://sputnik.tj/20210726/pokiston-nizomi-afghoniston-panohandagi-1041197860.html
Покистон ба 46 низомии Афғонистон паноҳандагӣ дод
Покистон ба 46 низомии Афғонистон паноҳандагӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Покистон ба 46 сарбози артиши миллии Афғонистон дар минтақаи Читрол ин кишвар панощандагь эъто карда аст
2021-07-26T20:45+0500
2021-07-26T20:45+0500
2021-07-26T20:45+0500
афғонистон
покистон
осиёи марказӣ
марз
убури ғайриқонунии сарҳад
гузаргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031876942_0:0:2016:1134_1920x0_80_0_0_e4df31957d488bfd2dcdc46ea65f5c28.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи гузориши артиши Покистон, 46 сарбози артиши миллии Афғонистон дар гузаргоҳи Читрали воқеъ дар шимоли Покистон паноҳ бурдаанд, Sputnik Афғонистон.Манбаъ таъкид кардааст, ки ин сарбозон дар натиҷаи аз даст додани мавқеъҳои худ ба хоки Покистон ақибнишинӣ карда аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ намуданд.Ҷониби Покистон таъкид доштааст, ки низомиёни афғон шаби гузашта марзро убур карданд. Миёни нафароне, ки марзро убур карданд панҷ афсари артиши миллии Афғонистон низ будааст. Ҳоло ба ҳамаи нафароне, ки марзро убур карданд паноҳгоҳи амн таъмин шудааст.Мақомти Покистон зикр кардааст, ки баъд аз анҷоми тамоми муқаррароти зарурӣ, ин гурӯҳи низомиён дубора ба Афғонистон баргардонида хоҳанд шуд.Читрал минтақаи марзиест, ки бо се минтақаи Афғонистон – Кунар, Бадахшон ва Нуристон ҳаммарз мебошад.Ёдрас мешавем, ки чанде қабл садҳо сарбозони дигари артиши Афғонистон бино бар ҳамлаҳои пай дар пайи Толибон ба хоки Тоҷикистон, Эрон ва Покистон гузашта буданд.Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ин ҳодиса дар ҳоле сар задааст, ки равобити Покистону Афғонистон дар вақтҳои охир сард шудааст. Дар як ҳодисаи ахир Кобул барои рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон сафирашро аз ин кишвар бозхонд кард. Покистон ҳам дипломатҳояшро аз ин кишвар хориҷ кард. Дар гузашта Афғонистон борҳо Покистонро барои ироаи кӯмакҳои пинҳонӣ ба Толибон муттаҳам карда буд. Аммо Покистон ҳамеша ин иддаоро рад мекунад.
https://sputnik.tj/20210726/afghoniston-shumori-rekordii-kushtashudagon-1041184772.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031876942_0:0:2016:1512_1920x0_80_0_0_e99335f418234b3f96ac0eca255e05eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, покистон, сарбозон, марз, убур, паноҳандагӣ
афғонистон, покистон, сарбозон, марз, убур, паноҳандагӣ
Покистон ба 46 низомии Афғонистон паноҳандагӣ дод
Покистон ба 46 сарбози артиши миллии Афғонистон дар минтақаи Читрол ин кишвар панощандагь эъто карда аст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи гузориши артиши Покистон, 46 сарбози артиши миллии Афғонистон дар гузаргоҳи Читрали воқеъ дар шимоли Покистон паноҳ бурдаанд,
Sputnik Афғонистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ин сарбозон дар натиҷаи аз даст додани мавқеъҳои худ ба хоки Покистон ақибнишинӣ карда аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ намуданд.
Ҷониби Покистон таъкид доштааст, ки низомиёни афғон шаби гузашта марзро убур карданд. Миёни нафароне, ки марзро убур карданд панҷ афсари артиши миллии Афғонистон низ будааст. Ҳоло ба ҳамаи нафароне, ки марзро убур карданд паноҳгоҳи амн таъмин шудааст.
Мақомти Покистон зикр кардааст, ки баъд аз анҷоми тамоми муқаррароти зарурӣ, ин гурӯҳи низомиён дубора ба Афғонистон баргардонида хоҳанд шуд.
Читрал минтақаи марзиест, ки бо се минтақаи Афғонистон – Кунар, Бадахшон ва Нуристон ҳаммарз мебошад.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл садҳо сарбозони дигари артиши Афғонистон бино бар ҳамлаҳои пай дар пайи Толибон ба хоки Тоҷикистон, Эрон ва Покистон гузашта буданд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ин ҳодиса дар ҳоле сар задааст, ки равобити Покистону Афғонистон дар вақтҳои охир сард шудааст. Дар як ҳодисаи ахир Кобул барои рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон сафирашро аз ин кишвар бозхонд кард. Покистон ҳам дипломатҳояшро аз ин кишвар хориҷ кард. Дар гузашта Афғонистон борҳо Покистонро барои ироаи кӯмакҳои пинҳонӣ ба Толибон муттаҳам карда буд. Аммо Покистон ҳамеша ин иддаоро рад мекунад.