Сомон ду ҳарифи аввалашро дар Олимпиадаи Токио шикаст дод

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик пас аз ду пирӯзӣ ба даври 1/8- финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Паҳлавони шинохта Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар вазни то 73 кило намояндагӣ мекунад.
Маҳмадбеков дар даври аввал намояндаи гурезаҳо Аҳмад Аликайро шикаст дод.
Дар даври 1/16-финал бошад, варзишкори тоҷик бар намояндаи Гамбия Файе Нжие дастболо шуд.
Сомонро дар даври 1/8-финал рақобат бо паҳлавони озарбойҷонӣ, ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, Рустам Оруҷов интизор аст.
Баходур Усмонов стал чемпионом по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд
Ҳамзамон муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов низ пас аз пирӯзӣ бар ҳарифи доминиканияш Леонел Сантос Нунез ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Шаббос Негматуллоев бошад, дар дар нахустин дидораш аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0