https://sputnik.tj/20210725/raqib-navbati-bahodur-usmonov-mushtzan-uzbekiston-1041168299.html
Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд
Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Элнур Абдураҳимов, муштзани ӯзбекистонӣ, рақиби муғулистонияш Чинзогир Баатарсухро шикаст дода, дар даври баъдӣ бо варзишкори тоҷик Баҳодур Усмонов вориди майдон мешавад
2021-07-25T22:05+0500
2021-07-25T22:05+0500
2021-07-25T22:05+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ӯзбекистон
муштзанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/90/1028779097_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_907a96a2cd7a41ca2ea79dd6422e56b5.png
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило рақибаш аз Доминикан Леонел Сантос Нунезро шикаст дод, дар даври баъдӣ бо муштзани ӯзбекистонӣ Элнур Абдураҳимов зӯрозмоӣ хоҳад кард.Интизор меравад, ки сабқати Усмонови 23 – сола ва Абдураҳимови 27 – сола рӯзи 31 июл баргузор гардад.Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 81 кило аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, вазни то 73 кило вориди майдон мешавад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе ва сабқати ниҳоӣ соати 13:00 дар назар аст.Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдрас намуд, ки барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ва ҳудуди (50 равияи варзиширо дар бар гирифта, 11 ҳазору 324 варзишгар тайи 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо зӯрозмоӣ менамоянд.Аввалин медали тиллои олимпиро 24 июл – варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. То ҳол варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио даст ёфтаанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20210725/nazarov-muntahabi-tojikiston-ruhbaland-1041161330.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/90/1028779097_56:0:945:667_1920x0_80_0_0_19162f33b8086ce4d1aabe60f1c47b30.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳодур усмонов, муштзан, олимпиада
баҳодур усмонов, муштзан, олимпиада
Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд
Элнур Абдураҳимов, муштзани ӯзбекистонӣ, рақиби муғулистонияш Чинзогир Баатарсухро шикаст дода, дар даври баъдӣ бо варзишкори тоҷик Баҳодур Усмонов вориди майдон мешавад
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило рақибаш аз Доминикан Леонел Сантос Нунезро шикаст дод, дар даври баъдӣ бо муштзани ӯзбекистонӣ Элнур Абдураҳимов зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Интизор меравад, ки сабқати Усмонови 23 – сола ва Абдураҳимови 27 – сола рӯзи 31 июл баргузор гардад.
Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 81 кило аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, вазни то 73 кило вориди майдон мешавад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе ва сабқати ниҳоӣ соати 13:00 дар назар аст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдрас намуд, ки барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ва ҳудуди (50 равияи варзиширо дар бар гирифта, 11 ҳазору 324 варзишгар тайи 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо зӯрозмоӣ менамоянд.
Аввалин медали тиллои олимпиро 24 июл – варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. То ҳол варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио даст ёфтаанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.