Президенти Қирғизистон ҷарроҳӣ шудааст

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Қирғизистон чанде пеш як ҷарроҳиро паси сар кард ва аз ин рӯ вақтҳои охир танҳо бо айнаки чашм мегардад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Далели бо айнаки чашм гаштани раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов маълум шуд. Sputnik Қирғизистон менависад, Президент чанде пеш ҷарроҳӣ шуд ва аз ин рӯ ҳоло пайваста айнаки чашм мепӯшад.
"Раисиҷумҳур маҷбур аст, бо айнак гардад. Зеро чанде пеш ҷарроҳӣ шуд. Ба ӯ ташхиси энтропиони пилки пойни чашм гузоштанд, ки бояд ҳатман ҷарроҳӣ мебӯшуд", - таъкид гардидааст дар хабари котиботи президент.
Бояд гуфт, ки дар навори ваксингирии Содир Ҷабборов алайҳ бемории коронавирус ҳам кишвардори Қирғизистон бо айнаки чашм буд.
Ҷабборов рӯзи 23 июл алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифт ва лаҳзаи эмгузаронии ӯ расонаӣ шуд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео
Бар хабари расонаҳои ин кишвар, Ҷабборов бо ваксини истеҳсоли Чин - "Sinopharm" эм карда шуд.
Қаблан ҳам, роҳбари давлати Қирғизистон мардумро ба ваксинзанӣ ҷалб карда буд, дар ҳоле, ки он замон худ ваксин нагирифта буд ва далели онро ба доштани антители кофӣ рабт медод.
Лентаи хабарҳо
0