Дар Афғонистон давоми 10 сол шумори рекордии кушташудагон ба қайд гирифта шуд

© Sputnik / Саид Закерия / Гузариш ба медиабонкБеженцы из зоны боевых действий в Афганистане
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Аксари мардуми осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) кушта шуданд: миёни кушташудаҳо 32 дарсадашро кӯдакон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Шумори мардуми осоишта, ки дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон захмӣ ва кушта шуданд, дар давоми даҳ соли ахир ба мартиб афзоиш ёфтааст, гуфта шудааст, дар гузориши ахири СММ.
Бино бар иттилои манбаъ, афзоиши шадиди хушунатҳо дар моҳи май дар пасманзари оғози хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз ин кишвар ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра, ҷангҷӯёнӣ гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия), дар Афғонистон фаъолтар шуданд ва ҳамзамон мухолифати онҳо бо нерӯҳои ҳукуматӣ шиддат гирифтааст.
"Шумори кушташудаҳои миёни мардуми осоишта 5183 нафарро ташкил дод (1659 кушта ва 3254 захмӣ), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47% зиёдтар будааст", - иттилоъ додааст СММ.
Ин созмон таъкид кард, ки идомаи ҷанг дар Афғонистон метавонад боиси афзоиши шумори кушташудаҳо миёни мардуми осоишта гардад.
Нерӯҳои урдуи миллии Афғонистон вулусволии Калдорро озод карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷанг барои Шимол: як вулусволӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон озод шуд
Тибқи иттилои манбаъ 32 дарсади ғайринизомиёни кушташуда ва захмдоршуда кӯдакон ва 14 дарсади дигарашро занон ташкил медиҳанд.
Дар баробари гурӯҳи Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар кушташудани мардуми осоишта сарбозони афғон ва нерӯҳои тарафдори ҳукумат низ даст доранд. Гуфта шудааст, наздик ба 64 дарсади мардуми осоишта бо сабаби пешрафти Толибон кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Қаблан СММ гузориш дода буд, ки шумораи шаҳрвандони кушташуда ва захмишуда дар семоҳаи аввали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 тақрибан 30 дарсад афзудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар музокироти ахир, ҳукумат ва ҷониби Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) натавонистанд дар бораи оташбас ба мувофиқа расанд. Муқовимати ҷангҷӯён бо артиши кишвар идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0