Коҳиши якбораи вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТуристы идут в поход
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз аввали сол гардиши сайёҳони хориҷӣ қариб 60% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ мегӯяд, сар аз соли 2021 сайёҳони хориҷӣ камтар ба Тоҷикистон меоянд.
"Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд", - мегӯяд, ин ниҳод.
Ин дар навбати худ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59% камтар аст.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки барои рушди соҳа ва инфрасохтори соҳа 30 миллион доллар аз Бонки Ҷаҳонӣ ва 10 миллион доллар аз Бонки Осиёии Рушд грант гирифта шудааст.
Онҳо ба татбиқи лоиҳаҳои "Рушди иқтисодиёт" ва "Рушди туризм" равона шуда буданд.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Дар Тоҷикистон боз ба се ширкати сайёҳии дигар иҷозатномаи фаъолият доданд
Имрӯз, ҷумҳурӣ дар бахши сайёҳӣ бо 9 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад ва инчунин бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи мавҷуда бо Туркия ҳамкории зичро ба нақша гирифтааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, сабаби аслии коҳиши вуруди сайёҳон ба кишвар бемории коронавирус буда, дар шароити кунунӣ талош доранд, ки туризми дохилиро рушд диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0