https://sputnik.tj/20210724/tojikiston-shirkat-sayyohi-ijozatnoma-faoliyat-1041141435.html
Дар Тоҷикистон боз ба се ширкати сайёҳии дигар иҷозатномаи фаъолият доданд
Дар Тоҷикистон боз ба се ширкати сайёҳии дигар иҷозатномаи фаъолият доданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷҷикистон аз таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ширкатҳои “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон шуданд
2021-07-24T10:50+0500
2021-07-24T10:50+0500
2021-07-24T12:15+0500
дар тоҷикистон
фаъолият
ширкат
иҷозатнома
бозор
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cf7b8fcfc06e557805826fb6ccf5fcfb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Бино бар иттилои кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ахиран се ширкати нави сайёҳӣ — “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд.Тавре манбаъ иттилоъ додааст ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.Гуфта шудааст, ки ахиран Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорид.Бояд қайд кард, ки дар солҳои ахир ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар солҳои ахир, дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд.Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.Дар Тоҷҷикистон асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.
https://sputnik.tj/20210414/tojikiston-fehrasti-davlatii-zahira-sayyohi-tahiya-1038446811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_443b2193f887259c643e5582f247a48d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳӣ, ширкати нав, бозор, ворид
тоҷикистон, сайёҳӣ, ширкати нав, бозор, ворид
Дар Тоҷикистон боз ба се ширкати сайёҳии дигар иҷозатномаи фаъолият доданд
10:50 24.07.2021 (Навсозишуда: 12:15 24.07.2021) Мақомоти Тоҷҷикистон аз таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ширкатҳои “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Бино бар иттилои кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ахиран се ширкати нави сайёҳӣ — “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.
Гуфта шудааст, ки ахиран Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорид.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои ахир ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар солҳои ахир, дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар Тоҷҷикистон асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.