Нохушӣ дар ҷои кор: 6 нафар фавтидаанду 8 нафар маҷруҳ шудаанд

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Обуна шудан
Ҳамза Бобозода, роҳбари Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз ҳолатҳои нохуш дар ҷои кор гуфт, ки боиси марги кормандон шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бобозода зимни нишасти матуотӣ хабар дод, ки соли 2020-ум дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуши истеҳсолот ба қайд гирифта шуд.
Последние приготовления перед открытием Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Нохушиҳо дар "Роғун" 3 куштаю 15 маҷруҳ барҷой гузоштаанд
Ӯ бо таассуф афзуд, ки аз инҳо 6 ҳолати фавт ва 8 ҳолати маҷруҳшавӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон барои ҳолатҳои нохуш дар ҷои кор, ки боиси марг ё ҷароҳати шаҳрвандон мешавад, қонунгузорӣ ҷубронпулӣ муайян кардааст.
Сомонаи “Фараж” аз қавли Ҳамза Бобозода дар ин робита хабар додааст, ки маблағи умумии кӯмакпулии яквақта таъйин ва пардохт шудааст, ки дар маҷмӯъ 294 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки соли 2020, се нафар ҳангоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳалок шуданд. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар корхонаҳо ва иншооти мухталифи дар ҳоли сохтмон дар Тоҷикистон 31 садама рух дода, дар пайи он 8 нафар ҳалок ва 33 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Маблағи умумии ҷаримаҳо бинобар риоя накардани талаботи бехатарӣ дар корхонаҳо соли гузашта аз 74 ҳазор доллар гузашт.
Лентаи хабарҳо
0