Аз пайвандсозии гурда то буғуму ҷигар: шарҳи дастрасӣ ба ҷарроҳиҳои мушкил дар Тоҷикистон

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз талошҳо барои таъмини дастрасии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гарон гуфт
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ садҳо ҷарроҳиҳои мураккабу гаронарзиш амалӣ шуданд
Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон 535 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронда шуд.
Манбаъ афзуд, ки инчунин 651 амалиёти ангиография ва 277 амалиёти ангиопластика амалӣ гардид.
Ба иттилои ноиби вазири тандурустӣ, барои 128 бемор амалиёти иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ, барои 56 нафар ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар амалӣ шуд.
Муҳсинзода Ғафур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Муовини вазир гуфт, ягон ваксин дар Тоҷикистон таъсири манфӣ ба бор наовард
Мақомдорони тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз ҷарроҳиҳои мураккабу гаронарзише, ки қаблан шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо хароҷоти зиёд дар хориҷи кишвар мегузаронданд, феълан дар Ватан бо нархи нисбатан дастрас фароҳам мебошанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввал муроҷиати шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббию бистарисозии онҳо коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Ғафур Муҳсинзода, ба дармонгоҳҳо 15,9 миллион муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 341 ҳазор нафар бистарӣ шудаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳардуи ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта коҳиш ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0