https://sputnik.tj/20210726/erodi-kbo-az-dastai-olimpii-tojikiston--1041172574.html
Эроди КБО аз дастаи олимпии Тоҷикистон
Эроди КБО аз дастаи олимпии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои олимпӣ дар Токио-2020 ба намояндагони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, эродҳо садо додаанд
2021-07-26T11:21+0500
2021-07-26T11:21+0500
2022-02-01T13:13+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
токио
кумитаи байналмилалии олимпӣ
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041171522_0:44:1001:607_1920x0_80_0_0_79326799abf361d8ab0c1376e35f72c9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқот ҳушдор додааст, ки дар ҳолатҳои "дағалона" вайрон кардани қоидаҳои пӯшидани ниқоб чора хоҳанд дид. Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки бисёр варзишгарон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 бе ниқоб дар варзишгоҳ ҳозир шуданд. Ёдовар мешавем, ҳангоми гузашти дастаҳои мунтахаб, аксари ҳайати Тоҷикистон бо чеҳраи кушода аз майдон гузаштанд.Чунин ҳолат бо иштирокчиёни Қирғизистон, ки парчамбардорҳо Каникей Кубаничбекова, Денис Петрашов ва Темур Раҳимов бидуни ниқоб гузаштанд. Илова бар ин, ду парчамбардори Покистон, тирандоз Халил Ахтар ва бозигари бадминтон Маҳур Шаҳзод низ бидуни таҷҳизоти муҳофизӣ дида шуданд. Директори иҷроияи КБО дар Бозиҳои олимпӣ Кристоф Дубӣ ваъда дод, ки чунин ҳолатҳо дар оянда беҷазо нахоҳанд монд.Тибқи қоидаҳо дар замони пандемияи коронавирус, варзишгарон вазифадоранд, ки "ба истиснои тамринҳо, мусобиқаҳо, хӯрокхӯрӣ, нӯшидан ва ё ҳангоми мусоҳиба "ҳамеша" ва "дар ҳама ҷойҳо" ниқоб пӯшанд.Ба варзишгарон иҷозат дода мешавад, ки ниқобҳояшонро дар беруни бино, вақте ки онҳо аз дигарон дар масофаи ду метр дуртаранд, ҳамчун чораи зидди гармӣ бигиранд.
https://sputnik.tj/20210723/rahimov-parcham-kostum-gulduzi-guzasht-muntahab-tojikiston-tokio-1041133295.html
https://sputnik.tj/20210719/nombardoroni-kishvar-varzishkoron-tojikiston-bozihoi-olimi-shuhrat-1040991040.html
токио
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041171522_5:0:814:607_1920x0_80_0_0_c9ff005d5c9b8d5d99e22022bf9600d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрод, кбо, дастаи олимпии тоҷикистон, ниқоб
эрод, кбо, дастаи олимпии тоҷикистон, ниқоб
Эроди КБО аз дастаи олимпии Тоҷикистон
11:21 26.07.2021 (Навсозишуда: 13:13 01.02.2022) Пас аз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои олимпӣ дар Токио-2020 ба намояндагони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, эродҳо садо додаанд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқот ҳушдор додааст, ки дар ҳолатҳои "дағалона" вайрон кардани қоидаҳои пӯшидани ниқоб чора хоҳанд дид.
Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки бисёр варзишгарон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 бе ниқоб дар варзишгоҳ ҳозир шуданд.
Ёдовар мешавем, ҳангоми гузашти дастаҳои мунтахаб, аксари ҳайати Тоҷикистон бо чеҳраи кушода аз майдон гузаштанд.
Чунин ҳолат бо иштирокчиёни Қирғизистон, ки парчамбардорҳо Каникей Кубаничбекова, Денис Петрашов ва Темур Раҳимов бидуни ниқоб гузаштанд.
Илова бар ин, ду парчамбардори Покистон, тирандоз Халил Ахтар ва бозигари бадминтон Маҳур Шаҳзод низ бидуни таҷҳизоти муҳофизӣ дида шуданд.
Директори иҷроияи КБО дар Бозиҳои олимпӣ Кристоф Дубӣ ваъда дод, ки чунин ҳолатҳо дар оянда беҷазо нахоҳанд монд.
"Бисёр муҳим аст, ки мо мардумро дар бораи аҳамияти риояи қоидаҳои фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи гелҳои дастӣ ва ниқобпӯшӣ огоҳ кунем. Агар шумо қонуншикании шадид дошта бошед, ки комилан ғайриқобили қабул аст, мо ҳатман чора мебинем", - таъкид кардааст, Дубӣ.
Тибқи қоидаҳо дар замони пандемияи коронавирус, варзишгарон вазифадоранд, ки "ба истиснои тамринҳо, мусобиқаҳо, хӯрокхӯрӣ, нӯшидан ва ё ҳангоми мусоҳиба "ҳамеша" ва "дар ҳама ҷойҳо" ниқоб пӯшанд.
Ба варзишгарон иҷозат дода мешавад, ки ниқобҳояшонро дар беруни бино, вақте ки онҳо аз дигарон дар масофаи ду метр дуртаранд, ҳамчун чораи зидди гармӣ бигиранд.