https://sputnik.tj/20210723/rahimov-parcham-kostum-gulduzi-guzasht-muntahab-tojikiston-tokio-1041133295.html
Раҳимов бо парчаму костюми гулдузӣ: гузашти мунтахаби Тоҷикистон дар Токио
Раҳимов бо парчаму костюми гулдузӣ: гузашти мунтахаби Тоҷикистон дар Токио
Sputnik Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷудокор Темур Раҳимов парафшон кард. Ӯ ба фарқ аз дигар варзишгарон костюми гулдузишуда дар тан дошт
2021-07-23T18:21+0500
2021-07-23T18:21+0500
2021-07-23T18:35+0500
дар ҷаҳон
токио
бозиҳои олимпии пекин
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033070127_0:152:3099:1895_1920x0_80_0_0_38634bfa424847288991f3f2467c88be.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бозиҳои олимпии тобистонаи Токио - 2020 расман рӯзи 23 июл ба кор оғоз кард.Маросими ифтитоҳи ин бозиҳо аллакай анҷом ёфтааст ва мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 105 - ум аз маросим гузаштанд.Пешопеши мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо парчами Тоҷикистон қадам гузошт.Темурпаҳлавон дар тан костюми кабудранги гулдузишуда дошт. Боқимонда варзишарон либоси расмӣ дошанд ва дар дасти ҳамаи онҳо парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.Қаблан аз иштироки 11 варзишгар хабар дода шуд, вале Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик ба далели бардоштани ҷароҳат натавонист дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кунад.Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.Сабқат барои варзишгарони тоҷик рӯзи 24 июл оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.
https://sputnik.tj/20210723/varzishkori-tojik-tokio-covid-1041115194.html
токио
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033070127_185:0:2914:2047_1920x0_80_0_0_06c1d78fb2a454b07910e1d1d64f0035.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мунтахаби тоҷикистон бозиҳои олимпии токио- 2020
мунтахаби тоҷикистон бозиҳои олимпии токио- 2020
Раҳимов бо парчаму костюми гулдузӣ: гузашти мунтахаби Тоҷикистон дар Токио
18:21 23.07.2021 (Навсозишуда: 18:35 23.07.2021) Парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷудокор Темур Раҳимов парафшон кард. Ӯ ба фарқ аз дигар варзишгарон костюми гулдузишуда дар тан дошт
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бозиҳои олимпии тобистонаи Токио - 2020 расман рӯзи 23 июл ба кор оғоз кард.
Маросими ифтитоҳи ин бозиҳо аллакай анҷом ёфтааст ва мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 105 - ум аз маросим гузаштанд.
Пешопеши мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо парчами Тоҷикистон қадам гузошт.
Темурпаҳлавон дар тан костюми кабудранги гулдузишуда дошт. Боқимонда варзишарон либоси расмӣ дошанд ва дар дасти ҳамаи онҳо парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.
Қаблан аз иштироки 11 варзишгар хабар дода шуд, вале Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик ба далели бардоштани ҷароҳат натавонист дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.
Сабқат барои варзишгарони тоҷик рӯзи 24 июл оғоз мешавад. Бояд гуфт, ки аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.