Сомон пас аз ду пирӯзӣ аз ҳарифи озарбойҷонии худ шикаст хӯрд

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик аз ҳарифи худ, намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа канор монд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Мусобиқаи олимпии Токио-2020 барои як намояндаи дигари Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфт.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Маҳмадбековро намояндаи Озарбойҷон, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио - 2016 ва чанд карат ғолиби сабқатҳои Гранд Слэму Мастер - Рустам Оруҷев шикаст дод.
Бояд гуфт, ки Сомон дар даври аввал бе мушкилӣ бар рақиби худ аз дастаи паноҳандагон, Аҳмад Аликай пирӯз гашт.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Сомон ду ҳарифи аввалашро дар Олимпиадаи Токио шикаст дод
Дар даври дуюм бо Фае Нҷие аз Гамбия вориди майдони рақобат шуда дар сонияҳои охири нерусанҷӣ пас аз ҳамла тавонист ҳарифро дар ҳолати "осаекоми" нигоҳ дорад ва ахиран дастболо шавад.
Ҳамин тариқ, Сомон Маҳмадбеков имкони идома додани мусобиқаро аз даст дод.
Фардо, 27 июл Акмал Муродов варзишгари дигари тоҷик вориди майдони мусобиқа мешавад. Рақиби ӯ дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз кишвари Гуам хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки 23-юми июл оғоз ёфт, то 8-уми август идома хоҳад кард. Рақобатҳо дар риштаи ҷудо то 31-уми июл сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0